ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997" ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҷори намудани Қонуни мазкур
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1996 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997" ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1996 "Дар хусуси ҷори намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997", сафарбаркунии захираҳои буҷети ба қисми даромади буҷети давлатй, таъмини истифодаи самараноки онҳо ва кам кардани касри буҷет Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1996 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997" ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1996 дар хусуси ҷорӣ намудани Қонуни мазкур тадбирҳои зарури андешанд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни иҷрои буҷет андозаи ниҳоии касри буҷетро, ки Қонуни мазкур дар ҳаҷми 5,3 фоизи маҳсулоти умумии дохили муқаррар намудааст, ба инобат гирифта, барои пӯшондани касри зикргардида:
истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва асъориро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997" таъмин намуда, маблағгузории чорабиниҳои дар бучети ҷумҳурӣ пешбинигардидаро қатъиян аз рӯи даромадҳои воқеи анҷом диҳад;
якҷоя бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ситонидани андози фурӯши тамокуи ферментацияшуда, пиллаи хушконидашуда, калобаи пахтагӣ, калобаи пашмин, шикастапораҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, пӯст, пашми ношуста ва маҳсулоти кабелиро ба андозаи 20 фоизи арзиши фурӯши (гумрукии) маҳсулот бо нархҳои биржавии рӯзи фурӯши (содироти) онҳо таҳия карда, ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
якҷоя бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти иловагии аз ҳисоби манбаъҳои беруна, вусьат додани пойгоҳ ва такмили системаи андоз, пӯшонидани касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷустуҷӯ намояд;
якҷоя бо Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳои пӯшондани қарзи давлатро аз аҳолӣ аз руи маошҳои пардохтнашуда, нафақа, стипендия ва дигар маблағҳои ба он баробар, инчунин пасандозҳое, ки дар Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, муайян намуда, то 1 маи соли 1997 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.
3. Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва бо сабаби озод шудани нархи нону орд аз 1 марти соли 1997 ба инҳо моҳе ба андозаи 500 рубл ҷубронпулӣ пардохта шавад:
барои кӯдакони то 8 - сола;
нафақахурон ва маъюбони машғули кор набуда;
донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус ва талабагони мактабҳои омузишгоҳҳои касбии техникӣ.
...