Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2005 № 283
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2005 № 283
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо
1. Мутобиқ ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2005 № 1573 "Дар бораи таъсис додани стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умуми, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техники, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо" бо мақсади дастгири ва ҳавасманд намудани хонандагоне, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъияти фаъолона иштирок мёкунанд, аз 1 ноябри соли 2005 300 (сесад) стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон таъсис дода шавад.
Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 60 (шаст) сомони муқаррар гардида, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
2. Довталабони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони мактабҳои таҳсилоти умуми, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техники, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо, ки мувофиқи ҷамъбасти солона бо баҳои аъло таҳсил карда ва дар корҳои ҷамъияти фаъолона иштирок менамоянд, буда метавонанд.
3. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои як соли таҳсили (аз 1 сенятбр то 1 июн) таъин карда мешаванд.
4. Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мактабҳои таҳсилоти умуми, литсейҳо, гимназияҳо барои 240 (дусаду чил) хонанда ва барои омӯзишгоҳҳои касби-техники, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо барои 60 (шаст) хонанда муқаррар карда мешаванд.
5. Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон квотаҳои стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳру ноҳияҳо бо назардошти миқдори хонандагони мактабҳои таҳсилоти умуми, литсейҳо, гимназияҳо, омӯзишгоҳҳои касби-техники, омӯзишгоҳҳо, техникумҳо ва коллеҷҳо муайян менамояд.
6. Бо мақсади ташкили кор барои интихоби номзадҳо ба стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди сохторҳои маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) комиссияҳо аз ҳисоби кормандони сохторҳои кор бо ҷавонон, маориф, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли таъсис дода мешаванд.
7. Комиссияҳо номзадҳоро дар асоси пешниҳоди шӯрои тарбиятгарони муассисаҳои таълими интихоб менамоянд.
...