Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 № 542
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 ноябри соли 2007 № 542
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистои барои солҳои 2008-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2014 № 485)
Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 бо мақсади зиёд намудани саршумор ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии қутос, ба ин васила таъмии намудани талаботи рӯзафзуни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии деҳот бо маҳсулот, пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ таҳия гардидааст,
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими чорводорӣ ба ҳисоб рафта, шароити табии ва чарогоҳҳои баландкӯҳ барои рушди минбаъдаи он мусоидат менамояд.
Вусъат бахшидан ба рушди соҳаи қутоспарварӣ, пеш аз ҳама барои таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамияти беандоза дорад. Ин масъала махсусан дар ҳолати амалигардонии ,Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009,, ки яке аз вазифаҳои асосии он афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва таьмини ниёзи мардум бо сафедаи маҳсулоти чорво (норасоии он алҳол 75 фоизро ташкил медиҳад) аҳамияти бештар пайдо менамояд.
1. Вазъи қутоспарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди минбаъдаи он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қутоспарварӣ ба яке аз соҳаи ояндадор мансуб мебошад. Қутосҳо ба ҳавои кам оксиген мутобиқ буда, дар шароити аз сатхи баҳр 1 800-2000 метр баланд зиста метавонанд.
Қутосҳо хазорсолаҳо дар мавзеъҳои баландкӯҳ, дар натиҷаи интихоби табиӣ парвариш ёфтаанд. Бинобар он иқлими сарду хунук ва камалафии чарогоҳхои баландкӯҳ, аз талаботи шартӣ ва ногузирии биологии қутосҳо ба шумор мераванд.
Майдони чарогоҳҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшом зиёда
...