Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба тасдиқи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимагардидаи тартиби адои хизмати ҳарбӣ тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо мувофиқи қонун хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар мӯҳлати се моҳ санадҳои идоравиро бо Низомномаи мазкур мувофиқ гардонанд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 1998 таҳти № 461 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 11 июни соли 2001 № 257
ш. Душанбе
аз 11 июни соли 2001 № 257
...