Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2004 № 497
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ДИДБОНГОҲҲОИ НАЗОРАТИИ АНДОЗ ДАР КОРХОНАҲОИ БА ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ СПИРТИ ЭТИЛӢ, МАШРУБОТ ВА МАҲСУЛОТИ ТАМОКУ МАШҒУЛБУДА
1. Бо мақсади ба танзим даровардани истеҳсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти тамоку дар ташкилотҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти зераксизи дидбонгохи андоз фаъолият мекунад.
2. Ҳайати кормандони дидбонгоҳи андоз аз 2 нафар кормандоннозири андоз ва ваколатдори фаврии полиси андоз барои ҳар як вақти кори (смена) ташкил шуда, ҳар даҳрӯза иваз карда мешаванд.
3. Вобаста ба хусусияти давомнокии вақти кории ташкилотҳо дар дидбонгоҳҳои назоратии андоз фаъолияти кормандони мақомоти андоз дар давоми шабонарӯз бо вақти кори (смена) тақсим шуда, бо иваз намудани кормандони мақомоти андоз мутаносибан ҳангоми ба охир расидани ҳар як вақти кори (смена) ба роҳ монда мешавад.
4. Роҳбарияти корхонаҳо барои ҷойгиркунии дидбонгоҳҳои назоратии андоз ва бемамониат иҷро намудани вазифаҳои ба кормандони мақомоти андоз гузошта шуда, шароити кори ташкил менамоянд, ки мувофиқи он кормандон бо ҳуҷраи алоҳида, воситаҳои алоқа ва сандуқи оҳанин барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо таъмин мешаванд.
5. Кормандони дидбонгоҳҳои назоратии андоз назорати истеҳсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти тамокуро мутобиқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда ҳуқуқ доранд тамоми биноҳои маъмури, истеҳсоли, амборҳо ва дигар бинову иншоотҳо, ки ба фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои истеҳсолкунандаи спирти этили, машрубот ва маҳсулоти тамоку алоқаманди доштаро аз назар гузаронанд.
6. Кормандони дидбонгоҳҳои назоратии андоз намегузоранд, ки:
а) бе иҷозатномаҳои (литсензияҳои) дахлдор маҳсулоти зераксизи истеҳсол шавад;
б) маҳсулоти зераксизи бе сертификати сифат фурӯхта шавад;
в) маҳсулоти алоҳидаи зераксизии (зарфҳои машрубот ва маҳсулоти тамоку) бо тамғаҳои аксизи тамғагузори нашуда ё нодуруст тамғагузори шуда ба фурӯш бароварда шавад.
7. Кормандони дидбонгоҳҳои назоратии андоз ӯҳдадоранд:
а) барои пешгири намудани тасарруфи ғайриконунии спирти этили, машрубот ва маҳсулоти тамоку ҳангоми истеҳсол, нигоҳдори ва таҳвили (аз ҳудуди корхона баровардани) он мутобиқи санадҳои амалкунандаи меъёриву ҳуқуқи чораҳо андешанд;
б) холатҳои бо ҳуҷҷатҳои қалбаки таҳвил ва қабул намудани спирти этили, машрубот ва маҳсулоти тамокуро ошкор созанд;
в) ҳолат ва кори ченкунакҳои маҳсулоти тайёрро, ки аз рӯи тартиби муқарраршуда пломба карда шудааст, назорат намоянд;
г) ба борхати тамоми автомобилҳои воридшаванда ва берунраванда мӯҳр гузошта, онро дар дафтари дидбонгоҳ сабт намоянд;
д) ҳамагуна маҳсулоти таҳвилшударо бо навиштаҷоти борхатҳо муқоиса намоянд;
е) ҳангоми ошкор намудани қонуншикани ё оиди он доштани маълумоти аниқ бори автомобилеро, ки аз ҳудуди корхона баромада истодааст, барои санҷиш фароварда бо навиштаҷоти борхатҳо муқоиса намоянд; дар сурати аз тарафи худи ҳамон кормандони дидбонгоҳҳои андоз дар як вақти кори (смена) зиёда аз як маротиба беасос фуровардани бор, ки дар натиҷа ба корхона зарари модди ва маънави расонида шудааст, ин роҳбарияти корхонаи мазкур ҳуқуқ дорад барои рӯёнидани зарар даъво пешниҳод кунад;
ж) бо мақсади назорати ҳолати баҳисобгири ва истифодаи тамғақоғазҳо (этикетка) ва маводи махкамкунии зарфҳо ҳар моҳ ба шумораи тамғақоғазҳо ва маводи махкамкунии зарфҳо мутобиқат намудани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшударо тафтиш намоянд;
з) асли ва бутун будани тамғаҳо (пломбаҳо), нишондодҳои ҳисобкунакҳои дастгоҳҳо, дуруст ва сари вақт дар китобҳои бақайдгирии корхонаҳо сабт шудани нишондодҳоро назорат баранд. Дар ҳолати вайрон гардидани тамғаҳо (пломбаҳо) фавран ба мақомоти андоз хабар диҳанд;
и) дар инвентаризатсияи захираҳои молию моддии корхона, ҳангоми санҷиши нақшави иштирок намоянд;
к) ҳангоми зарурат ба дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд.
л) шахсон ва шахсони воқеии бе ташкили шахси ҳуқуқи амалкунандаро, ки маҳсулоти зераксизиро бо пули нақд харидори менамоянд, ба қайд гиранд;
м) дуруст ҳисоб намудан ва сари вақт пардохтани аксизҳоро назорат намоянд;
н) ҳангоми ба охир расидани рӯзи кори ва бо сабабҳои гуногун муваққатан кор накардани корхона, ба коргоҳҳо ва амборҳои корхона мӯҳр гузоранд;
о) изҳори хатии роҳбарони корхонаро оиди мувақатан кор накардани коргоҳҳо талаб намоянд;
п) нагузоранд, ки аксизро пардохт накарда маҳсулоти зераксизи аз ҳудуди корхона ба фурӯш бароварда шавад;
р) ҳар семоҳа ба бақияи маҳсулоти тайёри амборҳои корхонаҳои истеҳсолкунандаи молҳои зераксизи мутобиқ будани нишондиҳандаҳои қайду ҳисоботи муҳосиботиро тафтиш намоянд;
с) дар асоси нишондиҳандаҳои ҳисоби муҳосиби воридшавии маҳсулоти хом, истеҳсоли воқеи, таҳвили маҳсулоти зераксизиро ҳаррӯза назорат намуда, ба нозироти андоз ва полиси андоз ҳар рӯз маълумот пешниҳод намоянд;
т) мутобиқи ҳисоботи муҳосиби ҳаҷми молҳои зераксизии таҳвилшударо ҳар даҳрӯза санҷанд;
у) таърихи 11, 21 моҳи равон (ҳисоботи) ва 1 ҳар моҳ баъди моҳи ҳисоботи ба нозироти андоз ва полиси андоз оиди ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти зераксизи дар даҳрӯзаи гузашта, оиди бақияи тамғаҳои аксизи дар аввал ва охири давраи ҳисоботи, оиди маблағҳои ҳисобкардашуда ва воридшудаи андозҳо, аз он ҷумла андози аксизи, инчунин дар бораи чораҳои андешидашуда барои кам кардани қарзи андоз ва маблағҳои кам кардашудаи он, маълумот пешниҳод намоянд. Маълумоти мазкур дар идораҳои мақомоти андоз ва нозиротҳои ноҳияҳои тобеъи ҷумҳури ҷамъбаст шуда, дар таърихи 15, 25 моҳи равон (ҳисоботи) ва 5 ҳар моҳ баъди моҳи ҳисоботи ба Департаменти андози Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
8. Намунаи "Ҳисоботҳо оиди истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти зераксизи" ва намунаи "Дафтари баҳисобгирии истеҳсол ва фурӯши (таҳвили) спирти этили, машрубот ва маҳсулоти он дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти зераксизи" замима мешаванд.
9. Ҳангоми тамғагузории маҳсулоти зераксизи шартҳои зерин бояд риоя карда шавад:
а) тамғаҳои аксизи бояд бо чунон ширеше часпонида шаванд, ки ҳангоми кандани тамғаҳо, онҳо бояд корношоям шаванд;
б) баъд аз часпонидан силсила ва рақамҳои тамғаи аксизи бояд пурра намоён бошад;
в) тамғаҳои аксизи бояд ҳамвор ва кат накарда часпонда шаванд;
г) тамғаҳои аксизи бояд дар болои сарпӯшакҳо ва маводи махкамкунии зарфҳо (пробка, крышка) часпонида шаванд, ки ҳангоми кушодани зарф тамғаи аксизии он бояд корношоям гардад.
10. Кормандони дидбонгоҳҳои назорати андоз на дертар аз таърихи дар зербанди "и" банди 10 Тартиби мазкур муқарраршуда ба нозироти андоз ва полиси андоз ҳисобот пешниҳод менамоянд.