БАРНОМАИ рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.09.2014 № 589)
Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 бо мақсади нигоҳ доштани хазинаи ирсии зотҳои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумор, чорвои зотӣ ва такмил додани хусусиятҳои ирсию маҳсулнокии ҳайвоноти кишоварзӣ ба ин васила таъмин намудани талаботи рӯзафзуни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ бо маводҳои зотӣ таҳия гардидааст.
Селексия ҳамчун яке аз усулҳои муҳим ва қадимаи такмил додани сифаҳҳои ирсию маҳсулнокии зотҳои чорво ба ҳисоб рафта, дар оянда низ боқӣ хоҳад монд.
Кори зотпарварӣ - маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биотехнологӣ-генетикӣ ва хоҷагидорӣ мебошад, ки барои ҳифз ва такмил додани авлодҳо, ҷинсҳо ва зотҳои мавҷуда, инчунин офаридани ҷинсу зотҳои нави сермаҳсули чорво равона гардидааст. Ба ҷуз аз гузаронидани чорабиниҳои маҷмӯавӣ оид ба ташкил ва пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ бо истифода аз дастовардҳои ҷаҳонии селексия ва ирсиятшиносӣ, рушди минбаъдаи чорводорӣ дар ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад.
Вусъат бахшидан ба рушди соҳаи чорводорӣ, пеш аз ҳама ба заминаи зотпарварии соҳа барои таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамияти беандоза дорад. Ин масъала махсусан дар ҳолати амалигардонии "Барномаи паст кардаии сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009", ки яке аз вазифаҳои он афзун гардонидани истеҳсоли гӯшт, шир, тухм ва таъмини ниёзи мардум бо сафедаи маҳсулоти чорво (норасоии он алҳол 75 фоизро ташкил медиҳад) аҳамияти бештар пайдо менамояд.
1. Вазъи зотпарварӣ дар марҳилаи ҳозира ва рушди он
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маълумотҳои охирини баҳисобгирии зотҳо (соли 1990) саршумори чорвои калони шохдори зотӣ 360.5 ҳаз. сар. аз ҷумла хушзот 189.4 ҳаз. сар. саршумори модагов мутаносибан - 133.1 ва 71.8 ҳаз сар. гӯсфанд - 1318,0 ҳаз. ва 997,1 ҳаз. сар, буз 107.3 ва
73.8. асп - 34.7 ва 22,6 ҳаз. сарро ташкил медод.
Таҳлили маълумотхои аттестатсионии соли 2006 аз он шаҳодат медиҳанд, ки саршумори чорвои зотӣ чанд маротиба кам гардидааст, Теъдоди чорвои хушзот (элита ва дараҷаи 1-ум) дар ҳамаи хоҷагиҳои зотпарпарӣ чунин ҳаст:
чорвои калони шохдор (ширӣ) - зотӣ 91.7 фоиз ва хушзот - 89.2 фоиз;
аз ҷумла модагов - зотӣ 93.1 фоиз ва хушзот - 92.3 фоиз:
чорвои калони шохдор (гӯштӣ)- зотӣ - 97.6 фоиз ва хушзот - 95.6 фоиз;
гӯсфанд ва буз - зотӣ - 85.-5 фоиз ва хушзот - 87.2 фоиз;
...