Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 1 октябри соли 2007, № 505

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2007 № 505

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2007 № 505

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои маблағгузории меъёрии (сарикасии) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои мазкур механизми ташкили буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ва буҷети муассисаҳои таҳсилоти умумии ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаштаро муайян менамоянд.

2. Меъёрҳои минималӣ алоҳида барои шаклҳои зерини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян карда мешаванд: мактабҳои ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ. Барои гимназияҳо ва литсейҳо меъёрҳои минималие истифода мешаванд, ки онҳо барои мактабҳои миёнаи умумӣ муқаррар карда шудаанд.

3. Буҷети мактабҳои таҳсилоти умумии ба шакли маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) гузаронидашуда бо назардошти меъёрҳои минималӣ ба сари ҳар як хонандаву ҳар як мактаб ва коэффитсиентҳои махсус аз рӯи формула тибқи ҳамин тартиб ҳисоб карда мешаванд.

4. Меъёрҳои минималиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳходи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Меъёри минималии маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) дар доираи таҳияи буҷет муайян гардида, ба дастуруламали таҳияи буҷет дохил карда мешавад ва дар сатри алоҳида нишон дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

5. Меъёрхои минималӣ барои ҳамаи шаклҳои мактабҳои таҳсилоти умумии ба шакли меъёрӣ (сарикасӣ)-и маблағгузорӣ гузаронидашуда ягона мебошанд.

6. Буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо аз рӯи хароҷотҳои ҷории муассисаҳои таҳсилоти умумии ба шакли меъёрии (сарикасӣ) маблағгузорӣ гузаронидашуда, мувофиқи ҳамин тартиб таҳия карда мешавад. Маблағгузории асосии муассисаҳои таҳсилоти умумии ба шакли меъёрии (сарикасӣ) маблағгузорӣ гузаронидашуда ба таври алоҳида ба нақша гирифта шуда, маблағгузорӣ мегардад.

...

Утверждены

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 октября 2007 года № 505

Утверждены

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 октября 2007 года № 505

Правила нормативного (подушевого) финансирования общеобразовательных учреждений

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

1. Общие положения

1. Настоящие Правила определяют механизм формирования местных бюджетов городов и районов, бюджеты общеобразовательных учреждений, перешедших на нормативное (подушевое) финансирование.

2. Минимальные нормативы устанавливаются отдельно для следующих типов общеобразовательных учреждений: начальных, общих основных и общих средних школ. К гимназиям и лицеям применяются минимальные нормативы установленные для общих средних школ.

3. Бюджет общеобразовательных школ, перешедших на форму нормативного (подушевого) финансирования, формируется из расчета минимальных нормативов финансирования по типам школ на одного учащегося и на одну школу и специальным коэффициентам по формуле согласно данному порядку.

4. Минимальные нормативы устанавливаются Правительством Республики Таджикистан по представлению Министерства финансов Республики Таджикистан по согласованию с Министерством образования и науки Республики Таджикистан. Минимальные нормативы (подушевого) финансирования устанавливаются в рамках бюджетного процесса, включаются в бюджетную инструкцию и выделяется отдельной строкой (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

5. Минимальные нормативы по типам школ едины для всех общеобразовательных учреждений республики, перешедших на форму нормативного (подушевого) финансирования.

6. Местные бюджеты городов и районов по текущим расходам общеобразовательных учреждений перешедших на форму нормативного (подушевого) финансирования формируются согласно этого порядка. Капитальные затраты общеобразовательных учреждений, перешедших на форму нормативного финансирования, планируются и финансируются отдельно.

...