Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1997, № 58 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Тартиби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 1996 № 338 тасдиқгардидаи фурӯши пахта, нахи пахтае (аз ҷумла линту улюк), ки аз ҳосили соли 1996 сар карда, дар ихтиёри истеҳсолкунандагони пахта гузошта мешавад"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 12.09.1998 с. № 369 беэътибор дониста шуд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Тартиби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 1996 № 338 тасдиқгардидаи фурӯши пахта, нахи пахтае (аз ҷумла линту улюк), ки аз ҳосили соли 1996 сар карда, дар ихтиёри истеҳсолкунандагони пахта гузошта мешавад

Бо мақсади фароҳам овардани шароити зарурӣ барои зиёд кардани истеҳсоли пахта ва содда намудани тартиби фуруши маҳсулоти пахта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба фаслҳои 1-2 Тартиби бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 1996 № 338 тасдиқгардидаи фурӯши пахта, нахи пахтае (аз ҷумла линту улюк), ки аз ҳосили соли 1996 сар карда, дар ихтиёри истеҳсолкунандагони пахта гузошта мешавад, тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:

Сархати нуҳуми фасли 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Чигити пахта, бо мақсади истифодаи оқилона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ дар заводҳои пахтатозакуни захира ва нигоҳ дошта мешаванд, ба истеҳсолкунандагони пахта бошад, арзиши чигити техникии барояшон мансуббуда мувофиқи нархҳои аҳдномави пардохта мешавад. Фурӯши ин навъи чигит ба корхонаҳои равғанкашӣ мувофиқи дархости онҳо бо шарти пардохти пешакии арзиши чигит ба роҳ монда мешавад."

Баъди ин сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Мувофиқи хоҳиши истеҳсолкунандагони пахта метавонанд чигитро дар асоси аҳдномаи сетарафа, ки миёни истеҳсолкунандагон, заводҳои пахтатозакунӣ ва корхонаҳои равғанкашӣ, бо шарти баргардондани маҳсулоти тайёри дар аҳднома муқарраршуда, ба фурӯш мебароранд";

сархати чоруми фасли 2 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Фурӯши нахи пахта, линт ва улюк аз ҳудуди ҷумҳурӣ бо асъори табдили озод ва бо шарти пардохти пешакии аз рӯи нархҳои рӯзи таҳвил муқарраргардидаи Биржаи пахтаи Ливерпуль, бо дарназардошти баровардани хароҷоти нақлиётию тиҷоратӣ, ки ҳар ҳафта Вазорати иҷтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодоти Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, инчунин бо пардохти ҳатмии андози фурӯш ва фурӯши баробари ҳаҷми нахи пахта линт ва улюке, ки барои эхтиёҷоти дохилии ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст, сурат мегирад";

Дар сархати панҷум баъди калимаи "харидорон" ибораи "ё" хориҷ шуда, баъди калимаи "биржа" бошад, ҷумлаи мазмуни зайл илова карда шавад: "мувофиқи хоҳиши истеҳсолкунандагони пахта, маҳсулоти зикргардида метавонад ҳамчунин тавассути Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди ҳатмии қарордодҳо дар Биржаи пахтаи ҷумҳурӣ ба фуруш расонда мешавад.";

пас аз сархати шашум сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Корхонаҳои пахтатозакуние, ки барои хизматҳои вобаста ба захира, нигоҳдорӣ, коркард ва ҳамлу нақли пахта, нахи пахта, линт, улюк ва маҳсулоти дигари пахта мутобиқати қарордодҳои (шартномаҳои) ба имзо расонидаашон аз истеҳсолкунандагони пахта дар шакли натура маҳсудот мегиранд, ба фуруши нахи пахта, линт ва улюк ба воситаи Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства от 12.09.1998г.№369

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ПОРЯДОК РЕАЛИЗАЦИИ ХЛОПКА-СЫРЦА, ХЛОПКОВОГО ВОЛОКНА (ВКЛЮЧАЯ ЛИНТ И УЛЮК) ОСТАВЛЯЕМОГО, НАЧИНАЯ С УРОЖАЯ 1996 ГОДА, В РАСПОРЯЖЕНИИ ХЛОПКОПРОИЗВОДИТЕЛЕЙ, УТВЕРЖДЕННЫЙ ПОСТАНОВЛЕНИЕМ ПРАВИТЕЛЬСТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОТ 23 ИЮЛЯ 1996 ГОДА № 338

В целях создания необходимых условий для увеличения производства хлопка и упрощения порядка реализации хлопковой продукции Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в разделы 1-2 Порядка реализации хлопка-сырца, хлопкового волокна (включая линт и улюк), оставляемого, начиная с урожая 1996 года в распоряжении хлопкопроизводителей, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 июля 1996 года № 338, следующие изменения и дополнения:

абзац девятый раздела 1 изложить в следующей редакции:

Семена хлопчатника, с целью рационального использования и недопущения их разбазаривания, накапливаются и сохраняются на хлопкозаводах, а хлопкопроизводителям оплачивается по договорной цене стоимость принадлежащих им технических семян. Реализация этих семян масложировым предприятиям осуществляется по их заявкам при условии предварительной оплаты стоимости семян. После этого добавить новый абзац следующего содержания:

"По желанию хлопкопропзводителей семена могут реализовываться на основе трехсторонних договоров, заключаемых между хлопкопроизводителями, хлопкозаводами и масложировыми предприятиями на давальческих условиях с возвратом им готовой продукции определенным в договоре".

абзац четвертый раздела 2 изложить в следующей редакции:

"Реализация хлопкового волокна,линта и улюка за пределы республики, осуществляется за свободно конвертируемую валюту и на условиях предварительной оплаты по ценам, сложившимся на дату отгрузки на Ливерпульской хлопковой бирже, с учетом скидки по транспортно-реализационным расходам, еженедельно определяемым Министерством экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан по представлению Главного управления хлопкоочистительной промышленности при Правительстве Республики Таджикистан, а также обязательной уплаты налога с продаж и равномерной реализации объема хлопкового волокна, линта и улюка, предусмотренного для внутриреспубликанских нужд";

в абзаце пятом после слова "покупателями" исключить слова "или", а после слова "биржу" дополнить предложением следующего содержания: "По желанию хлопкопроизводителя реализация указанной продукции может осуществляться также через Главное управление хлопкоочистительной промышленности при Правительстве Республики Таджикистан с обязательной фиксацией контрактов на Республиканской хлопковой бирже";

после абзаца шестого дополнить абзацами седьмым и восьмым следующего содержания:

"Хлопкоочистительные предприятия, получающие от хлопкопроизводителей продукцию в натуре за услуги, связанные с заготовкой, хранением, переработкой и транспортировкой хлопка-сырца, хлопкового волокна, лннта, улюка и другой хлопковой продукции в соответствии с заключенными ими контрактами (договорами), реализуют хлопковое волокно, линт и улюк через Главное управление хлопкоочистительной промышленности при Правительстве Республики Таджикистан.

Фьючерсные, форвардные сделки по купле-продаже хлопковой продукции между юридическими и физическими лицами (резиденты и нерезиденты Республики Таджикистан ) независимо от форм собственности ,с одной стороны, и хлопкопроизводителями, с другой стороны, считаются действительными при наличии положительного заключения Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан и регистрации их в течение месяца со дня заключения на Республиканской хлопковой бирже";

...