Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ташкили кори маблағгузорӣ ба истеҳсоли пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади муҳайё намудани шароит барои маблағгузорӣ ба истеҳсоли пахта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи инвестиционии ширкати амрикони "Донавант СА" ва Бонки "Кредит Свисс Ферст Бостон",и Швейцария, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки саҳҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвестбонк) оид ба додани кредит барои истеҳсоли пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маъқул дониста шудааст, дастгирӣ карда шавад.
2. Ба бонки саҳҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвестбонк) тавсия дода шавад, ки бо бонки "Кредит Свисс Ферст Бостон"и Швейцария бо тартиби муқарраргардида дар асоси қарордодҳои байни Ширкати "Донавант С.А." ва корхонаи муштараки "Рахш-ЛТД", Ширкати саҳҳомии "Экспресс", Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи "Тиҷорат", Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи ширкати саноатию молиявии "Олими Каримзод", Ширкати хусусии истеҳсолию савдои "Наво" барои гирифтани кредити асъорӣ ба парвариши пахта, беҳбудии ҳолати мелиоративии замин, азхудкунии заминҳои нав барои кишти пахта, мукаммал гардонидани паркҳо бо техникаи хоҷагии қишлоқ ва барои мақсадҳои зикргардида давра ба давра ҷудо кардани маблағ шартномаи кредитӣ бандад.
3. Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсолкунандагони пахта фаҳмонанд, ки захираҳои моддию техникӣ ва маблағҳои пулии аз тарафи онҳо гирифташуда бояд танҳо барои парвариш ва зиёд намудани истеҳсоли пахта истифода шаванд. Истифодаи маблағҳои ҷудогардида барои пӯшонидани қарзи хоҷагиҳои пахтакор аз рӯи ҳамаи намудҳои пардохт, ғайр аз пешпардохти музди меҳнати кормандони ин хоҷагиҳо, ки бо парвариши пахта машғуланд, манъ аст.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
санаи гирифтани кредит барои хоҷагиҳои пахтакор рӯзи пардохти воқеии бонкӣ аз санаи зикргардида анҷом дода мешавад;
хоҷагиҳое, ки тибқи ҳамин қарор қарордод бастаанд, ҳуқуқ надоранд бо дигар ширкатҳо ва ташкилотҳо чунин қарордод банданд. Дар мавриди зиёда аз ҳаҷми дар қарордод зикргардида рӯёнидани ҳосили онро бо иҷозати сармоягузор ба дигар харидорон фурӯхтан мумкин аст;
мутобиқи қарордодҳои зикргардида тамоми ҳосили рӯёнидашуда ва нахи пахта, линт, улюки аз он истеҳсолгардида (ғайр аз чигит) пурра ба сармоягузор фурӯхта мешавад, тухмӣ бошад танҳо дар заводҳои пахта нигоҳ дошта мешаванд. Фурӯши (додани) тухмӣ, чигит мувофиқи тартиби муайянкардаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997 № 292 ва аз 21 октябри соли 1997 № 460 ба амал бароварда мешавад;
дар сурати аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ қабул гардидани қарорҳое, ки вазъи молиявию иқтисодии сармоягузорони тибқи ҳамин қарор дар бораи истеҳсоли якҷояи пахта қарордодбастаро вазнин мегардонанд, шартҳое дорои эътибор дониста шаванд, ки дар лаҳзаи имзои ин қарордодҳо амал мекарданд.
5. Бонки саҳомию тиҷоратии агросаноатии инвестиционӣ (Агроинвенстбанк) барои ба ҳисоб гирифтани воридот ва харҷи маблағ тибқи ҳар як истеҳсолкунандаи пахта, ки оид ба истеҳсоли якҷояи пахта қарордод имзо кардааст, ҳисобномаҳои махсус кушояд. Маблағҳои ҳисобномаҳои мазкур танҳо барои харидории нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав барои кишти пахта, пурра кардани парки техникаи хоҷагии қишлоқ, инчунин пардохти музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии моддии истеҳсолкунандагони пахта равона карда шаванд.
Муқарар карда шавад, ки аз ин ҳисобномаҳо пардохти маблағи андоз ва пулҷудокуниҳои ғайрибуҷетӣ манъ аст.
...