Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 майи соли 2006 № 215
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 майи соли 2006 № 215
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва ранга
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419, аз 28.07.2009с. № 448, аз 23.08.2016 № 380)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419, аз 28.07.2009с. № 448, аз 23.08.2016 № 380)
1. Ин Қоидаҳо тарзи хариду фурӯш, ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан (минбаъд - "воридот ба Тоҷикистон") ва аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани (минбаъд - "содирот аз Тоҷикистон") металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳоро тибқи номгӯи замимаи 1 (минбаъд - "металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо") ва ашёи хоми дорои металлҳои қиматбаҳо ва рангаро тибқи номгӯи замимаи 2 (минбаъд - "ашёи хом") муайян менамояд.
Ин Қоидаҳо дар мавриди:
- Ба Тоҷикистон ворид намудан ва аз Тоҷикистон содир намудани сарватҳои фарҳангии дар таркибашон металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳодошта, ки ба Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда нашудаанд;
- воридот ба ҳудуди минтақаҳои иқтисодии махсус, минтакаҳои озоди гумрукӣ ва анборҳои озод;
- истеҳсол, фурӯш, содирот ва воридоти махсулоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, дахл надорад;
2. Дар ин Қоидаҳо мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
а) зери мафҳуми тилло, платина, металлҳои гурӯҳи платина ва нуқраи холискардашуда дар шакли сабика (слиток) фаҳмида мешавад:
...