Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 аз 4 июли соли 2006, № 299

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2006 № 299

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 июли соли 2006 № 299

Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015

МУҚАДДИМА

Таҳияи Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 (минбаъд-Барнома) дар асоси таҳлил ва арзёбии ҳолати умумии мавҷудаи иҷтимоию иқтисодӣ ва савдои хориҷӣ дар мамлакат, тасҳеҳоти пешбинишаванда ва самтҳои асосии рушди дар Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 ва дар нишондиҳандаҳои дурнамоҳои барои давраи солҳои 2006-2010 муайяншуда сурат гирифтааст.

Асоси таҳияи Барнома дастурҳои мушахасс ва вазифаҳои муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш. Раҳмонов дар солҳои охир ва махсусан дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2005 ва 20 апрели соли 2006 дар бораи зарурати қабули тадбирҳои маҷмӯӣ оид ба истифодаи самараноки иқтидори содиротӣ бо роҳи ташкили коркарди амиқи ашё ва маҳсулот, бо мақсади расидан ба натиҷаҳои ниҳоӣ ва тадриҷан ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти тайёр ва рақобатпазир ба ҳисоб меравад.

Дар Матритсаи замимашуда таҳия ва татбиқи як қатор барномаҳо оид ба рушди содироти соҳаҳои мушаххаси иқтисоди миллӣ, ташкили коркарди ашё ва молҳое пешбинӣ гардидаанд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 зикр шудаанд. Дар Барнома асоснок гардидааст, ки татбиқи амалии ин дастуру супоришҳо барои аз байн бурдани самти ашёии содирот ва дастовардҳои мамлакат, пешравии мусбӣ дар тиҷорати хориҷӣ ва баланси пардохтии кишвар заминаи рушди устувор мебошад.

Дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмонов дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 дар бораи то соли 2015 "нигоҳ доштани рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар сатҳи на камтар аз 7 фоиз" ва дар ин асос таъмин намудани шароити мусоид барои татбиқи барномаҳои қабулгардида ҷиҳати муайян сохтани параметрҳои асосии рушди содирот ҳамчун нуқтаи асосии ибтидоӣ хизмат намуд.

Дар Барнома инчунин самтҳои афзалиятноки такмили фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд, ки дар лоиҳаи таҳиягардидаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 (СМР) дар доираи Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) пешбинӣ гардидаанд. Дар лоиҳаи СМР боби алоҳида таҳти унвони "Ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ" ҷудо гаштааст, ки дар он аз ҷумла лаҳзаҳои асосии рушди содирот инъикос ёфтаанд.

Бо назардошти дастурҳои зикргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоюли нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ (индикаторҳо) минбаъд суръати афзоиши миёнаи солонаи муомилоти савдои хориҷӣ то соли 2015 ба ҳисоби миёна тақрибан 8 фоиз, содироти мол ва хизматрасониҳо 11,6 фоизро ташкил дода, ҳаҷми умумии онҳо нисбат ба соли 2005 мутаносибан 1,9 ва 2,4 маротиба зиёд хоҳад гашт.

Инчунин ҳангоми муайян кардани нишондиҳандаҳои мушаххаси рушди содирот хусусияти истеҳсолӣ доштани нишондиҳандаҳои содирот аз соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ нуқтаи ибтидоӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ дар Барнома таъсири баръакси содирот ба протсесҳои истеҳсолӣ нишон дода шуда, муайян гардидааст, ки рушди самараноку муташаккили содирот метавонад омили ҳавасмандсозии рушди истеҳсолот гардад, ки таъминкунандаи афзоиши устувори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва пешрафти афзоянда дар соҳаҳои асосии иқтисоди миллӣ мебошад. Таҳлил нишон медиҳад, ки содирот умуман ба рушди иқтисод таъсири куллӣ мерасонад, барои ташкили истеҳсолоти нав, аз ҷумла истеҳсолоти нодир, афзоиши ҷои корӣ ва пурра гаштани буҷети давлатӣ замина мегузорад.

Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 дар татбиқи сиёсати инкишофёбандаи иқтисоди хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳим гардида, барои баланд бардоштани самаранокии иқтидори содиротӣ ва суръатбахшии рушди иқтисодӣ нигаронида шудааст.

...

Утверждена

 Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 июля 2006г. №299

Утверждена

 Постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 4 июля 2006г. №299

Программа развития экспорта Республики Таджикистан на период до 2015 года

Введение

Разработка Программы развития экспорта Республики Таджикистан на период до 2015 года (далее Программа) осуществлена на основе анализа и оценки сложившейся в настоящее время общей социально-экономической ситуации и внешней торговли в стране, корректировки перспективных параметров и основных направлений развития, определенных в Программе экономического развития Республики Таджикистан на период до 2015 года и в прогнозных показателях на период 2006-2015 годов.

Основой разработки Программы явились конкретные указания и задачи, определенные Президентом Республики Таджикистан, уважаемым Э. Ш. Рахмоновым за последнее время и, особенно в посланиях Президента Республики Таджикистан в Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 16 апреля 2005 года и от 20 апреля 2006 года о необходимости принятия комплексных мер по эффективному использованию экспортного потенциала путем организации глубокой переработки сырья и продукции с целью достижения конечных результатов и постепенному вывозу за пределы страны готовой, конкурентоспособной продукции. В прилагаемой Матрице намечена разработка и осуществление ряд программ по развитию экспорта конкретных отраслей национальной экономики, организации переработки сырья и товаров которые указаны в Послании Президента Республики Таджикистан Э.Ш Рахмонова в Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 20 апреля 2006г. настоящей Программе обосновано, что практическая реализация этих указаний и задач станут кардинальной основой для преодоления сырьевой направленности отечественного экспорта и достижения, в конечном счет положительных сдвигов во внешнеторговом и платежном балансах страны.

В определении основных параметров развития экспорта главным исходным пунктом послужило поручение Президента Республики Таджикистан Э. Ш. Рахмонова в Послании Президента Республики Таджикистан Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 20 апреля 2006 года о том, что на период до 2015 года "сохранить рост показателей экономики уровне не менее 7 процентов и, на этой основе, обеспечить благоприятные условия для реализации принятых программ".

В Программе учтены также приоритетные направления совершенствования внешнеэкономической деятельности, предусмотренные в разработанном проекте Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2015 года (НСР) в рамках Целей развития тысячелетия ООН. В проекте НСР выделен отдельный раздел под названием "Региональное сотрудничество и интеграция в мировую экономику", в частности, отраженны основные моменты развития экспорта.

С учетом указанных поручений Президента Республики Таджикистан тенденций макроэкономических показателей (индикаторов) в перспективе среднегодовые темпы роста внешнеторгового оборота до 2015 года в среднем составят около 8 процентов, а экспорта товаров и услуг - 11,6 процентов и общие их объемы по сравнению с 2005 годом увеличатся соответственно - в 1,9 и 2,4 раза.

Кроме того, при определении конкретных показателей развития экспорта исходным моментом является производность показателей экспорта от отраслей материального производства. В этой связи, в Программе показано обратное влияние экспорта на производственные процессы и выявлено, что эффективно организованный рост экспорта может стать стимулирующим фактором развитии производства, обеспечивающей стабильное увеличение ВВП и прогрессивных сдвигов в основных отраслях национальной экономики. Анализ показывает, что экспорт существенно влияет на развитие экономики в целом, создает почву для организации новых, причем уникальных производств, увеличении занятости и пополнения государственного бюджета.

Программа развития экспорта Республики Таджикистан на период до 2015 года станет важным этапом в реализации внешнеэкономической политики Правительства Республики Таджикистан, направленной на повышение эффективности экспортного потенциала и ускорении темпов экономического роста.

I. Необходимость разработки Программы, имеющиеся проблемы и актуальность развития экспорта

...