ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтаҳои инсон
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии пайвандсозии (трансплантатсияи) узв ва (ё) бофтаҳои инсон, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донор, ретсипиент ва муассисаҳои тандурустиро муқаррар намуда, муносибатҳои вобаста ба пайвандсозиро (трансплантатсияро) ба танзим медарорад.
Пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳои инсон василае барои наҷоти хаёт, барқарорсозии саломатии шаҳрвандон буда, дар асоси риояи қонунҳои Ҷумҳуруии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳои инсон мутобиқи принсипҳои инсондӯстонаи эълоннамудаи ҷомеаи байналмилалӣ, ки дар он манфиатҳои инсон аз манфиати ҷомеа ва илм боло гузошта мешавад, амалӣ мегардад.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- узв - ҷузъи бадан, ки сохти муайян ва таъиноти махсус дорад (дил, гурда, ҷигар, шуш, ғадуди зери меъда, устухонҳо, мағзпардаи сахти сар, шоҳпардаи чашм ва ғайра);
- бофта - силсилаи ҳуҷайраҳо ва маҳсули онҳо (моддаҳои байниҳуҷайравӣ), ки аз ҷиҳати умумияти сохт, фаъолият ва инкишофи худ муттаҳид шудаанд (мағзи устухон, системаи мушаки устухонбандӣ, бофтаҳои рагҳо, даричаи дил, пӯст ва ғайра);
- маводи пайвандсозӣ - узв ё бофта, ки барои пайвандсозӣ истифода бурда мешаванд;
- пайвандсозӣ - (трансплантатсия) - пайванд сохтани узвҳо ё бофтаҳо бо мақсади ҷоннок кардани онҳо дар ҳудуди як организм (аутотрансплантатсия) ё аз як организм ба организми дигар (гомотрансплантатсия) пайваст намудан бо мақсади наҷот додани ҳаёти инсон ё барқарорсозии фаъолияти организми ӯ;
- донор - шахсе, ки ягон узв ва ё бофтаи худро барои пайвандсозӣ ба шахси дигар (ретсипиент) ихтиёран медиҳад;
- ретсипиент - шахсе, ки бо мақсади табобат ба вай ягон узв ё бофтаи дигари инсон ё организм (донор) пайванд сохта мешавад;
- марги мағзи сар - пурра ва бебозгашт қатъ гардидани ҳама вазифаҳои (фаъолияти) мағзи сар, ки дар ҳолати кор кардани дил ва таҳвияи сунъии шуш (ИВЛ) ба қайд гирифта шудааст. Марги мағзи сар баробар ба марги инсон аст;
...