ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №5, мод.349) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати панҷум калимаҳои "иҷозатномаи (литсензияи) Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаи "иҷозатнома" иваз карда шаванд;
- дар сархати шашум калимаҳои "иҷозатномаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон додашаванда" ба калимаҳои "иҷозатнома" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 17:
- дар қисми дуюм калимаҳои "ба ҳисоби муросилоти (корреспондентӣ) дар Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми иҷозатномадиҳанда" иваз карда шаванд;
- дар қисми чорум калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Мақоми иҷозатномадиҳанда" иваз карда шаванд;
- қисми шашум хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 19:
- дар қисми якум калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Мақоми иҷозатномадиҳанда" иваз карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаҳои "Бонки мпллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдор" иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми қисми дуюм калимаҳои " Бонки миллии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Мақоми иҷозатномадиҳанда" иваз карда шаванд;
- сархати шашуми қисми дуюм хориҷ карда шавад;
...