ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи эҳтиёт аз сӯхтор"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1994 "Дар бораи эҳтиёт аз сӯхтор" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16, мод. 247; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №23-24, мод. 333; соли 2001, №4, мод. 158) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни Қонун калимаи "эҳтиёт" ба калимаи "бехатарӣ" иваз карда шавад.
2. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Қонуни мазкур асосҳои умумии ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии сӯхторро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, муносибатҳои байни мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо, дигар шахсони ҳуқуқиро новобаста аз шакли ташкилӣ- ҳукуқӣ ва моликияти онҳо, инчунин муносибатҳои байни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ танзим менамояд.".
3. Рақамгузории бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шуда, пеш аз рақам калимаи "боби" илова карда шавад.
4. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", калимаҳои "Шӯрои маҳаллии депутатҳои халқ ва кумитаҳои иҷроияи онҳо" ба калимаҳои "Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", калимаҳои "Кумитаи иҷроияи Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", калимаҳои "Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқ" ва "Шӯроҳои дахлдори депутатҳои халқ" мутобиқан ба калимаҳои "Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва "мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор" ва калимаи "худидораи" ба калимаи "худидоракунии" иваз карда шаванд.
5. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
6. Дар моддаи 6:
- аз қисми 1 калимаҳои "колхозу совхозҳо" хориҷ карда шаванд;
- ҷумлаи дуюми сархати якуми қисми 2 хориҷ карда шавад;
- дар қисми 3 калимаҳои "иттиҳодияи истеҳсолии "Системавтоматика" ба калимаҳои "корхонаҳои махсусгардонидашуда" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4 калимаи "махсусонидашуда" ба калимаи "махсусгардонидашуда" иваз карда шавад;
...