ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба қисми якуми моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 6 августи соли 2001 Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, № 7, мод. 490; соли 2003, № 12, мод. 685; соли 2004, № 5, мод. 347; соли 2006, № 3, мод. 143) банди 15 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"15) вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо".
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 293
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 293
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонунн конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷиқистон "Дар бораи ворид намудани идова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
...