ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2002, № 4, қ. 2, моддаи 317; соли 2006 № 3, моддаи 166) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми дуюми моддаи 8 баъди калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон", калимаҳои "мутобиқи қонунгузорӣ" илова карда шаванд.
- қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ аз тарафи маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, хадамоти назорати давлатии байторӣ, хадамоти давлатии фитосанитарӣ,, карантини растаниҳо, ва назорати тухмӣ ва инчунин мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.";
- қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли молликият, бо роҳи гузаронидани санҷиши иҷрои қонунгузории соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 305
ш. Душанбе
30 июли соли 2007 № 305
...