Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи минтақа ва хоҷагиҳои махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008с. № 501, аз 31.12.2008 № 673)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2008с. № 501, аз 31.12.2008 № 673)
Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" ва бо мақсади беҳтар намудани кори тухмипарварию селексионӣ, такмили минбаъдаи сифати тухмӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Минтақа ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва номгӯйи хоҷагиҳое, ки бо Иттиҳодияҳои илмию истеҳсолии "Зироаткор" - и ба номи академик А.Н. Махсумов, "Боғпарвар"-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон"-и Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатьи назар аз шакли моликияташон, ҳамкорӣ менамоянд, мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
Сохторҳои ваколатдори маҳаллии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо хоҷагиҳои ғайридавлатие, ки ба тухмипарварӣ машғуланд, дар асоси шартнома ба роҳ монанд.
2. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 март ҳаҷми истеҳсол ва фурӯши тухмии (аслӣ, элита ва репродуксионӣ) серҳосили навъҳои (номгӯи зироат, намуд) зироатҳои кишоварзиро дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ, Иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Зироаткор"-и ба номи академик Махсумов А.Н., Иттиҳодияи илмию истеҳсолии "Боғпарвар"-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии "Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон" муайян намояд.
3. Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба соҳаи тухмипарварӣ диққати ҷиддӣ дода, дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба кишти бисёрнавъии зироатҳои кишоварзӣ роҳ надиҳанд ва ҷиҳати сари вақт интихоб ва ноҳиябандӣ намудани навъҳои серҳосил, тезпаз ва ба касалию зараррасонҳо тобовар тадбирҳо андешанд.
4. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумхурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии давлатӣ ва муайян намудани имтиёзҳо ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯхлати як моҳ таклифи мушаххас пешниҳод намояд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005 №169 "Дар барои тадбирҳои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
...