Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2007 № 248
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2007 № 248
тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор
. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор (минбаъд Агентӣ), мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, вазифаҳои хизматрасонии давлатиро дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор амалӣ менамояд.
2. Агентӣ дар нақшаи идоракунии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3. Агентӣ дар фаъолияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикнстон оид ба хоҷагии ҷангал ва шикор ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
2. Ваколатҳо
4. Ба Агентӣ ваколатҳои зерин вогузор мегарданд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба самтҳои асосӣ - муҳофизат ва ҳифзи ҷангал, барқароркунии ҷангал, ҷангалҳои муҳофизатӣ, тухмипарварӣ ва хоҷагии шикор;
- баланд бардоштани самаранокии соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор бо роҳи истифода аз тарзу усулҳои пешқадам ва дастовардҳои илм;
...