Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2007 № 246
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 майи соли 2007 № 246
тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии хариди молҳо, кор ва хизматрасонӣ (минбаъд Агентӣ) мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, салоҳияти он аз амалӣ намудани вазифаҳои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ иборат мебошад.
2. Агентӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
3. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ намуда, кори худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
4. Агентӣ ваколатҳои зеринро дорад:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи хариди давлатии молҳо, кор ва хизматрасонӣ бо мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ, кредит ва грантҳои хориҷӣ татбиқ менамояд;
...