Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2007, № 202 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 № 526 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 № 526 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ"

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998 № 526 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Банди 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардониро (минбаъд - Комиссия) дар ҳайати зерин ташкил медиҳад:

- Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;

- муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовиии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон;

- муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар мақомоти роҳбарикунандаи корхонаи хусусишаванда;

- роҳбарияти корхонае, ки аз рӯи лоиҳаи инфиродӣ хусусӣ гардонида мешавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 1998 года №526 "Об утверждении Положения о приватизации предприятий по индивидуальным проектам"

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативно правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Положение о приватизации предприятий по индивидуальным проектам, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 1998 года №526 "Об утверждении Положения о приватизации предприятий по индивидуальным проектам" следующие изменения и дополнения:

1. Пункт 7 изложить в следующей редакции:

"7. Правительство Республики Таджикистан формирует Комиссию по индивидуальным проектам приватизации (далее - Комиссия), в которую входят:

- Председатель Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан -председатель Комиссии;

- заместитель Министра юстиции Республики Таджикистан;

- заместитель Министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан;

- заместитель Министра финансов Республики Таджикистан;

- заместитель Председателя Национального банка Таджикистана;

- заместитель Председателя Налогового комитета при Правительстве Республики Таджикистан;

- руководство министерств, ведомств и других руководящих органов приватизируемое предприятие;

- руководство предприятия, подлежащего приватизации по индивидуальному проекту;

...