Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 184
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 апрели соли 2007 № 184
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат
. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиат (минбаъд Хадамот) мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии истифода ва ҳифзи табиатро амалӣ менамояд.
2. Хадамот фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифода ва ҳифзи табиат, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудаанд ва ҳамин Низомнома амалӣ менамояд.
3. Хадамот ба Нақшаи идоракунии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, функсияҳои ба зиммааш гузошташударо мустақилона ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти назоратӣ амалӣ месозад.
II. Вазифаҳо
4. Ваколатҳои асосии Хадамот аз инҳо иборат мебошанд:
- таъмини иҷрои сиёсати ягонаи идора ва назорати давлатии истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологӣ;
- назорати давлатии риояи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқию воқеӣ, новобаста аз шакли моликият, тобеият ва мансубият;
...