Низомномаи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия аз 29 марти соли 2007, № 124

Санаи амалкуни: 01.01.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.06.2014 № 392 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 мартисоли 2007 № 134

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 мартисоли 2007 № 134

тасдиқ шудааст

Низомномаи Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229, аз 03.12.2012 № 707)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229, аз 03.12.2012 № 707)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия (минбаъд Намояндагӣ) дар Нақшаи идоракунии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ҳудуди Федератсияи Россия амал мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.04.2011 № 229).

2. Намояндагӣ чораҳои танзими масъалаҳои муҳоҷиратро дар амал татбиқ намуда, ба ҷойивазкунии муваққатӣ, инчунин мавсимии шахсони воқеӣ, вобаста ба иваз кардани ҷои истиқомат ё кор, барои бокортаъминкунии қонунӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣшаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мусоидат менамояд.

3. Намояндагӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои суратҳисобҳо, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, штампу бланкҳои дахлдор буда, мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия аз аккредитатсия мегузарад ва ба қайд гирифта мешавад.

4. Намояндагӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, инчунин қонунгузории Федератсияи Россия ба роҳ мемонад.

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ
                     от 04.06.2014г. № 392

Приложение 1

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 29 марта 2007г. № 124

Приложение 1

Утверждено

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 29 марта 2007г. № 124

Положение о Представительстве Миграционной службы при Правительстве Республики Таджикистан по миграции в Российской Федерации

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.04.2011г.№229, от 03.12.2012г.№707)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 30.04.2011г.№229, от 03.12.2012г.№707)

I. Общие положения

1. Представительство Миграционной службы при Правительстве Республики Таджикистан по миграции в Российской Федерации (далее - Представительство) входит в Схему управления Миграционной службы при Правительстве Республики Таджикистан Республики Таджикистан и функционирует на территории Российской Федерации.

2. Представительство реализует меры по регулированию вопросов миграции, содействию временному, а также сезонному перемещению физических лиц, связанных со сменой места жительства или работы, легальному трудоустройству и защите прав трудовых мигрантов - граждан Республики Таджикистан в Российской Федерации.

3. Представительство является юридическим лицом, имеет расчетные счета, гербовую печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан со своим наименованием на таджикском и русском языках, соответствующие бланки и штампы, проходит аккредитацию и регистрируется в соответствии с законодательством Российской Федерации.

4. В своей деятельности Представительство руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, нормативными правовыми актами Миграционной службы при Правительстве Республики Таджикистан, Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и настоящим Положением, а также законодательством и иными нормативными правовыми актами Российской Федерации.

...