Низомномаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз 3 марти соли 2007, № 103

Санаи амалкуни: 29.12.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 151 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 103

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 103

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 665, аз 1.03.2012 № 62, аз 29.12.2012 № 787)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 665, аз 1.03.2012 № 62, аз 29.12.2012 № 787)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (минбаъд Агентӣ) мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, салоҳияти он аз амалӣ намудани вазифаҳои идоракунии маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа инчунин таъин ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо иборат мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2012 № 62).

2. Агентӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

3. Агентӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.

...