Низомномаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз 3 марти соли 2007, № 103

Санаи амалкуни: 29.12.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2014 № 151 аз эътибор соқит дониста шуд.

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 103

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 103

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 665, аз 1.03.2012 № 62, аз 29.12.2012 № 787)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 665, аз 1.03.2012 № 62, аз 29.12.2012 № 787)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (минбаъд Агентӣ) мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, салоҳияти он аз амалӣ намудани вазифаҳои идоракунии маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа инчунин таъин ва пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо иборат мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.03.2012 № 62).

2. Агентӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

3. Агентӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.

...

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 103

тасдиқ шудааст

Низомномаи Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 665)

I. Муқаррароти умумӣ

1. Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (минбаъд Агентӣ) мақомоти ҳокимияти иҷроия буда, салоҳияти он аз амалӣ намудани вазифаҳои идоракунии маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иборат мебошад.

2. Агентӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.

3. Агентӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.

5. Маблағҳое, ки ба буҷети Агентӣ ворид мегарданд, дар таснифи алоҳидаи буҷетӣ ба ҳисоб гирифта шуда, дар суратҳисобҳои мақомоти Агентӣ, ки дар муассисаҳои бонкӣ кушода шудаанд, алоҳида аз маблағҳои буҷети давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

II. Вазифаҳо

6. Агентӣ вазифаҳои зеринро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа амалӣ менамояд:

- шахсони ҳуқуқию воқеиеро, ки ба суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоию нафақавӣ фаро гирифта мешаванд, аз қайд мегузаронад, ба ҳисоб мегирад ва ба онҳо шаҳодатномаи суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) медиҳад;

- ба шахси суғурташуда рақами инфиродии суғуртавӣ медиҳад;

- ба шахсоне, ки дар соҳаи суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) суғурта шудаанд, суратҳисоби шахсӣ (захиравӣ) мекушояд;

- ҳисоб ва пардохти иловапулиҳоро аз маблағҳои андӯхти нафақавии шахсони суғурташуда амалӣ менамояд;

- маблағҳои мувакқатан озодро ба коғазҳои қиматнок ва ё депозит дар бонкҳои устувор ва босубот нигоҳ медорад;

- функсияҳои идоракунии оперативии маблағ ва амволи суғуртаи давлатии иҷтимоиро анҷом медиҳад;

- баҳисобгирӣ ва назоратро оид ба пардохти нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст (кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, кӯмакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак, кӯмакпулӣ барои дафн ва ғайра), анҷом медиҳад;

- маблағгузории кӯмакпулии бекорӣ ва дигар пардохтҳон иҷтимоиро, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" пешбинӣ намудааст, анҷом медиҳад;

- дар маблағгузории чорабиниҳо ҷиҳати солимгардонии меҳнаткашон, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" муайяи намудааст саҳм мегузорад;

- дар субъектҳои суғуртаи иҷтимоӣ (нафақавӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аудити молиявию ҳуқуқӣ мегузаронад;

- аз рӯи дурустдодани варақаҳои корношоямӣ назорат мебарад;

- ба шаҳрвандон ва корфармоён оид ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо, тартиби ҷорӣ намудани баҳисобгирии инфиродии саҳмҳои суғуртаи шахсони дар соҳаи суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоӣ (нафақавӣ) ба қайдгирифташуда, маслиҳатҳо медиҳад;

- маблағҳои озоди суғуртаи ҳатмии иҷтимоиро (нафақаро) идора мекунад;

- маблағи нафақа ва индексатсияи онро ба ҳисоб мегирад ва дивидендҳои суратҳисобҳои захиравии инфиродии шахсони суғурташударо дастрас менамояд;

- аз рӯи дархости шахсони суғурташуда, нусхаи маълумотнома ва дигар маълумотро оид ба ҳисобҳои захиравии инфиродӣ медиҳад;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида, баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи оморӣ мебарад ва барои дурустии онҳо масъул мебошад;

- шаҳрвандонро қабул менамояд, баррасии пурра ва саривақти муроҷиати хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандонро таъмин менамояд, нисбати онҳо қарорҳо қабул намуда, ба шаҳрвандон дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳо ирсол менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро ҷиҳати пуррагардонӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгоние, ки дар тули фаъолияти Агентӣ ҷамъ омадаанд, амалӣ менамояд;

- ҷиҳати интихоби муассисаҳое, ки хизматрасонии худро барои пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо пешниҳод менамоянд, тендерҳо мегузаронад.

7. Бо мақсади амалӣ намудани ваколатҳои худ дар соҳаи мукарраргардидаи фаъолият, Агентй ҳуқуқ дорад:

- доир ба масъалаҳое, ки ба сохаи муқарраргардидаи фаъолият тааллуқ доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом диҳад;

- барои баррасии масъалаҳо доир ба соҳаи муқарраргардидаи фаъоляят, муассисаҳои илмӣ ва дигар муассисаҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- аз рӯи фаъолияти воҳидҳои сохторӣ назорат намояд;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида дар ҳамкориҳои байналмилали ширкат варзад, таҷрибаи хориҷиро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳрвандон омӯзад ва истифода барад;

- мутобиқи тартиби муқарраргардида озмунҳо гузаронад ва барои иҷрои фармоишоту дастрас намуданн маҳсулот, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, барои гузаронидани корҳои илмию тадкиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ барои эхтиёҷоти давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, аз ҷумла таъмини эҳтиёҷоти Агентӣ қарордодҳои давлатӣ бандад.

III. Ташкили фаъолият

8. Агентиро Директор идора мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Директори Агентӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи Атентӣ гузошта шудаанд, масъулияти шахсӣ дорад.

Директори Агентӣ ду муовин дорад, ки бо пешниҳоди Директори Агентӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Шумораи муовинони Дирсктори Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

9. Директори Агентӣ:

- оид ба сохтор ва нақшаи идоракунӣ, шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони Агентӣ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур менамояд;

- оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони Директори Агентӣ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- нақшаи солона ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Агентӣ, инчунин ҳисобот оиди иҷрои онҳоро ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ҷадвали штатии Дастгоҳи марказии Агентиро дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, сметаи хароҷот барои нигоҳдории дастгоҳи Агентӣ муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи маблағи дар ҳамин давра дар Буҷети давлатӣ пешбинишударо, барои тасдиқ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- низомномаҳо оид ба қисмҳои сохтории Дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин бо тартиби муқарраргардида муқаррароту низомномаҳои ташкилотҳои системаи Агентиро тасдиқ менамояд;

- оид ба эълони озмунҳо ҷиҳати ишғоли мансабҳо дар Дастгоҳи марказии Агентӣ, дар мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои система қарор қабул мекунад, роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Агентиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- сметаи хароҷоти мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаи Агентиро бо худуде, ки дар давраи муайяни буҷетӣ ва дигар маблағгузориҳо, ки дар Буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои молиявӣ пешбинӣ шудааст, тасдиқ менамояд;

- фармону амрҳо мебарорад, дастурҳо, меъёрҳо, қоидаҳо ва меъёрхоеро, ки иҷрои онҳо аз ҷониби (ҳамаи кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомоти маҳаллии ташкилотҳои системаи Агентӣ ҳатмӣ аст, тасдиқ мекунад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- нақшаи кор ва нишондоди фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои-системаи Агентиро тасдиқ мекунад, инчунин ҳисоботҳоро оид ба фаъолияти онҳо баррасӣ менамояд;

- ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил азнавсозӣ ва барҳам додани ташкилотҳои системаи Агентӣ ҷиҳати пешниҳоди минбаъдаи онҳо, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба ташкилотҳои системаи Агентӣ супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- қарорҳои ба қонунгузорӣ ва меъёрҳои муқарраргардида ихтилофдоштаи мақомоти ташкилотҳои системаи Агентиро бекор мекунад, агар тартиби дигари бекор кардани қарорҳо тибқи қонун муқаррар нашуда бошад;

- тибқи қонунгузорӣ-масъалаҳои ҳавасмандгардонии моддии кормандони, Агентӣ, роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва ташкилотҳои системаро ҳал намуда, барои муваффақиятҳо ва комёбиҳои меҳнатӣ ҷиҳати сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мекунад;

- Агентиро дар муносибатҳои мутақобила бо муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, оиди масъалаҳои ба салоҳияти Агентӣ таалуқдошта муаррифӣ мекунад;

- ӯҳдадориҳои вазифавӣ ва дараҷаи масъулияти муовинони худ, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарони раёсату шӯъбаҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявиро муайян менамояд.

10. Агентӣ шахси хуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисгон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ мебошад.

11. Маҳали ҷойгиршавии Дасггоҳи марказии Агентӣ шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур-27 мебошад.

Замимаи 2

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 103

тасдиқ шудааст

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Роҳбарият

Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ

Раёсати танзими ҳукуқи ва аудити дохилӣ

Раёсати ҳисобдории марказонидашуда

Раёсати тарҳрезии буҷет, таҳлили талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳо

Раёсати корҳо

Раёсати таъин ва пардохти андӯхти нафақавии инфиродӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008 № 665).

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 марти соли 2007 № 103

тасдиқ шудааст

Нақшаи идоракунии Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дастгоҳи марказӣ

Раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ

Шӯъбаҳо ва бахшҳои шаҳрию ноҳиявӣ