Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 № 244 Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 23-24, мод. 350; соли 2003, №8, мод. 458; соли 2006, №4, мод. 200) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

2. Қисми якуми моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдоре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (минбаъд - мақомоти ваколатдор), амалӣ карда мешавад.".

3. Дар сархатҳои ҳаштум ва дувоздаҳуми қисми дуюми моддаи 7, қисми дуюм ва сархати панҷуми қисми дуюми моддаи 17, қисми дуюми моддаи 21, қисми дуюм, сархати шашуми қисми дуюм, қисмҳои сеюм, чорум ва панҷуми моддаи 22, қисми сеюми моддаи 23, қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 24, қисмҳои якум, дуюм, чорум ва панҷуми моддаи 27 ва моддаи 29 калимаҳои "Фонд", "фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ", "фонд", "фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "фонди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдор" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 11 ва моддаи 15 калимаҳои "санадҳои меъёрӣҳуқуқии ҷумҳурӣ" ва "асноди меъёрию ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 21:

- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Идоракунии системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи мақомоти ваколатдор, бо иштироки намояндагони кормандон ва ассотсиатсияи корфармоён, ки таҳияи сиёсати мувофиқашудаи давлатиро дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин аудити молиявӣ ва ҳуқуқии иштирокчиёни суғуртаи иҷтимоиро амалӣ менамоянд, анҷом дода мешавад.";

- қисми сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Мақомоти ваколатдор фаъолияти худро мувофиқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд.".

...