Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2003с.№ 150,аз 03.06.2006с.№ 254,аз 29.04.2009с. № 253)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.03.2003с.№ 150,аз 03.06.2006с.№ 254,аз 29.04.2009с. № 253)
Барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии халқ, таъмини дастрасии асноди ҳуқуқӣ барои тамоми шаҳрвандон ва ташкилотҳо мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии фаъолият ва интизоми онҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони иттиҳодияҳо корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ:
бахшҳои ҳуқуқии дастгоҳро бо коркунони ихтисосманд ва ташаббускор мустаҳкам намуда, дар он ҷое, ки ин гуна бахшҳо (шӯъба, гурӯҳ, бюро ва дигар хизматҳои ҳуқуқӣ) мавҷуд нестанд, ин бахшҳоро дар доираи миқдор ва фонди музди меҳнат таъсис диҳанд;
дар коллективҳои худ гузаронидани лексияҳо, сӯҳбатҳо, ахборот ва дигар шаклҳои тарғибу ташвиқи қонунгузории ҷумҳуриро пай дар пай ташкил карда, барои гузаронидани онҳо ҳуқукшиносон, муаллимони мактабҳои олӣ, судяҳо, коркунони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатура ва адлияро дар асоси шартнома ҷалб намоянд;
вазъи кори ҳуқуқӣ ва риояи қонуниятро дар фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва умуман дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо, корхонаҳо ташкилотҳои ҳудуди минтақаи дахлдор баррасӣ намоянд;
барои ҳалли муваффақиятноки вазифаҳои оид ба рушди мнитақаҳои дахлдор, афзун гардондани самаранокии иқтисодии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ, мустаҳкам кардани интизоми давлатӣ, ҷамъиятӣ, истеҳсолотӣ ва меҳнатӣ васоити ҳуқуқиро фаъолона истифода кунанд.
2. Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
Роҳбарони вазоратҳо ва идораҳо иҷрокунандагон иҷрои ҳатмии тамоми чорабиниҳои пешбиникардаи барномаро таъмин намоянд.
3. Дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти "Қонуният" ва маҷаллаи ҳуқуқии "Ҳаёт ва Қонун" таъсис дода шавад.
Ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашриёти "Қонуният" нашри адабиёти ҳуқуқӣ, маҷмӯаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти меъёрию ҳуқуқӣ доранд ва ба манфиатҳои шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқӣ дахл мекунанд, гузошта шавад. Маҷмӯаҳои мазкур хусусияти расмӣ доранд.
...