Оинномаи Муассисаи давлатии "Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон" аз 1 августи соли 2006, № 350

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2006 № 350

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии "Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон"

I. Муқаррароти умумӣ

1. Ҳамин Оиннома асосҳои фаъолияти ташкилӣ, эҷодӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигар соҳаҳои фаъолияти иҷтимоии Муассисаи давлатии "Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон" (минбаъд - "Телевизиони Баҳористон")-ро муайян мекунад.

2. Муассиси "Телевизиони Баҳористон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

3. "Телевизиони Баҳористон" фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома ба роҳ мемонад.

4. "Телевизиони Баҳористон" чун шабакаи давлатӣ барномаҳои худро ба забони давлатӣ, инчунин бо дигар забонҳо бо каналҳои пахши ба он ҷудошуда паҳн мекунад.

5. "Телевизиони Баҳористон" аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

6. "Телевизиони Баҳористон" дорои моликияти давлатӣ бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ мебошад, дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоби буҷетӣ ва махсус, мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ, сароҳанг, нишон, аломатҳои нашрӣ ва молӣ дорад.

7. "Телевизиони Баҳористон" ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.

8. "Телевизиони Баҳористон" аз нигоҳи эҷодӣ мустақил аст.

Назорати фаъолияти "Телевизиони Баҳористон" аз тарафи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти он амалӣ карда мешавад.

9. Суроғаи ҳуқуқии "Телевизиони Баҳористон": Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Чапаев, 31.

II. Мақсад ва вазифаҳои асосии "Телевизиони Баҳористон"

10. Мақсадҳои асосии "Телевизиони Баҳористон" иборатанд аз:

- талкини ғояҳои ваҳдати миллӣ, волоияти арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, демократия, сулҳ ва инсондӯстӣ;

- мусоидат ба равандхои солими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқҳои Тоҷикистон дар асоси эҳтироми ҳуқуқ ва озодии шахсият, аз ҷумла ҳуқуқ ва озодии кӯдакону наврасон, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд;

- тартиби самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи фарҳанг, санъат, маориф, варзиш ва ғайра барои кӯдакону наврасон;

- мусоидат ҷиҳати баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасон, тарбияи онҳо дар руҳияи инсондӯстию ватанпарастӣ ва ошно намудан бо арзишҳои фарҳангии милливу ҷаҳонӣ;

- мусоидат ба инкишофи маҳорати эҷодии кӯдакону наврасон;

- мусоидат ба тарбияи башардӯстӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии кӯдакону наврасон;

- мусоидат ҷихати баланд бардоштани сатҳи маърифати кӯдакону наврасон.

11. Барои амалӣ гардонидани мақсадҳои зикршуда "Телевизиони Баҳористон" вазифаҳои зеринро ба ҷо меорад:

- истеҳсол ва паҳн намудани барномаҳои телевизионӣ бахшида ба татбиқи сиёсати давлат оид ба таълиму тарбияи кӯдакоку наврасон;

- таҳия ва паҳн намудани барномаҳои телевизионӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакону наврасон, риоя ва ҳимояи онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ;

- истеҳсол ва паҳн намудани барномаҳои иттилоотӣ барои кӯдакону наврасон;

- ташкил, таҳия ва паҳн намудани барномаҳои шавқовари телевизионӣ (бозиҳои варзишӣ, озмунҳо, викторинаҳо, шоу-консертҳо ва ғайра) бо иштироки кӯдакону наврасон;

- таҳия ва паҳн намудани барномаҳои телевизионӣ бахшида ба эҷодиёти кӯдакону наврасон;

- намоиши филмҳои мултипликатсионӣ, ҳунарӣ, мустанад, дигар филмҳо ва маҳсулоти видеоӣ;

- таҳия ва паҳн намудани реклама, эълон ва дигар маьлумот барои кӯдакону наврасон;

- истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти аудиовизуалӣ, филмҳои супоришӣ ва рекламавӣ;

- хизматрасонии дизайнерии телевизионӣ;

- ташкили бойгонии аудио ва видео (филмотека, видеотека ва фонотека);

- дар асоси шартнома амалӣ намудани муносибатҳои мутақобилаи эҷодӣ, истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бо ташкилотҳои телевизион ва радио;

- харидорӣ намудани филмҳои ҳунарӣ, мустанад, тасвирӣ, инчунин барномаҳои фарҳангӣ, илмию маърифатӣ, кӯдакона ва варзишӣ;

- амалӣ сохтани дигар намудҳои фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявие, ки ба мақсаду вазифаҳои "Телевизиони Баҳористон" мувофиқ аст ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

III. ӯҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои "Телевизиони Баҳористон"

12. "Телевизиони Баҳористон" ӯҳдадор аст:

- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя намояд.

13. "Телевизиони Баҳористон" ҳуқуқ дорад:

- фаъолияти намояндагӣ ва миёнаравиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф амалӣ намояд;

- дар асоси тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ фаъолияти рекламавию иттилоотиро ба амал барорад, даромадҳоро аз ин намуди фаъолият барои рушди муассиса равона созад;

- фаъолияти иқтисодии хориҷиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад, барнома ва маҳсулоти аудиовизуалии худро дар хориҷа паҳн намояд, эълону рекламаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷиро қабул кунад ва муомилоти дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома мухолиф нестанд, амалӣ гардонад.

IV. Идоракунии "Телевизионн Баҳористон"

14. Идоракунии "Телевизиони Баҳористон" дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома амалӣ карда мешавад.

15. Оиннома ва сохтори "Телевизиони Баҳористон"-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

16. Роҳбари бевоситаи "Телевизиони Баҳористон" Директор аст, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

17. Мақоми машваратии "Телевизиони Баҳористон" Шӯрои маъмурият мебошад, ки ба он Директор ва муовинонн ӯ (аз рӯи вазифа), инчунин роҳбарони зерсохторҳо ва дигар кормандони масъул дохил мешаванд. Теъдод ва аъзои Шӯрои маъмуриятро бо пешниҳоди Директор Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

18. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Директорро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- сохтор ва Оинномаи "Телевизиони Бахористон"-ро тасдиқ ва дар ҳолати зарурӣ ба он тағйирот ворид мекунад;

- масъалаҳои барҳамдиҳӣ ва табдилдиҳии "Телевизиони Баҳористон" -ро ҳал мекунад.

19. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- фаъолияти касбии "Телевизиони Баҳористон"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ва назорат мекунад;

- бо пешниҳоди Директор муовинони ӯро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

- аъзои Шӯрои маъмурияти "Телевизиони Баҳористон"-ро бо пешниҳоди Директор тасдиқ ва аз иҷрои вазифа озод менамояд.

20. Шӯрои маъмурият тибқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда функсияҳои зеринро амалӣ мегардонад:

- ташкили меҳнат (вақти қорӣ ва дамгирӣ);

- муайян кардани шакл ва низоми пардохти музди меҳнат, дигар намудҳои даромади кормандон;

- тартиби индексатсияи даромади пулии кормандон;

- пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба Оиннома;

- бо таклифи Директор масъалаҳои ҳақгузории меҳнати кормандон, реҷаи кор, таъмини иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии аъзои ҷомеаи меҳнатиро баррасӣ менамояд.

Қарорҳои Шӯрои маъмурият бо фармони Директор ба расмият дароварда мешаванд.

21. Директор:

- дар муносибат бо муассис, мақомоти давлатӣ, пахшкунанда, шахсҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ, инчунин дар суд ва дигар ҳолатҳо аз номи "Телевизиони Баҳористон" намояндагӣ мекунад;

- қарордодҳо, шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, аз ҳуқуқи идоракунии амвол истифода мебарад, ҷадвали штатиро тасдиқ мекунад, фармонҳо мебарорад;

- ба кори Шӯрои маъмурият ва фаъолияти хамарӯзаи кормандон роҳбарӣ мекунад;

- иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо ва фармонҳои худро таъмин менамояд;

- тибқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- дар назди муассис нисбати натиҷаҳои фаъолияти "Телевизиони Баҳористон" масъул мебошад.

V. Амволи "Телевизиони Баҳористон"

22. Амволи "Телевизиони Баҳористон"-ро фондҳои асосӣ ва дигар моликияти давлатӣ ташкил медиҳанд. Арзиши амволи "Телевизиони Баҳористон" дар мувозинати (баланси) тақсимшавандаи мустақили он инъикос меёбад.

VI. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии "Телевизиони Баҳористон"

23. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии "Телевизиони Баҳористон" бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2006 № 350

тасдиқ шудааст

Сохтори Муассисаи давлатии "Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон"

1. Маъмурият

Директор

Муовини аввали Директор

Муовини техникии Директор

Саррежиссёр

Шӯъбаи умумӣ

Шӯъбаи кадрҳо

Шӯъбаи баҳисобгирии бухгалтерӣ

Шӯъбаи тиҷорат ва реклама

Ҳуқуқшинос

2. Ҳайати эҷодӣ

Идораи барномаҳои иттилоотии кӯдакона Идораи барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ

Идораи барномаҳои варзишу бозиҳои шавқовар

Идораи барномаҳои мусиқӣ

Шӯъбаи филмҳои видеои телевизнонӣ, кинооператорон ва коргардонҳо

Шӯъбаи танзими барномаҳо

3. Ҳайати техникӣ

Идораи воситаҳои сайёри техникӣ

Бахши танзими наворҳо

Бахши равшанидиҳии махсус

Бахши таҳияи декоратсияҳо ва ороиши саҳна

Бахши таъминоти барқ ва корҳои сантехникӣ

Бахши нақлиёт

Бахши хадамоти хоҷагидории бино ва иншоот