Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 1998 № 352
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 сентябри соли 1998 № 352
тасдиқ шудааст
Низомномаи литсейи ҳарбӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи мазкур мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарби ва хизмати ҳарбӣ" таҳия шудааст.
Литсейи ҳарби - муассисаи таълимии маълумоти умумии миёна (пурра) бо барномаҳои таълимии иловагие мебошад, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва ҳадафи тарбияи ҳаматарафа ва ба хизмати ҳарби омода намудани шаҳрвандони ноболиғи ҷинси мардро дорад.
Литсейи ҳарби - ҳамчунин ҳадафи омода намудани ҷавонони синни то даъватро барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кшиварҳои Идтиҳоди Давлатҳои Мустақил дорад.
2. Хадафҳои асосии литсейи ҳарби чиҳо мебошанд;
ба тарбиятгирандагон додани маълумоти миёнаи умуми, дониши зарури ва малакаҳои ибтидоии тарбияи ҳарби ва ҷисмониро дар замири онҳо ба вуҷуд овардан;
дар асоси муайян намудани касби ҳарби дар замири тарбиягирандагон ташаккул додани сифатҳои олии ахлоқи ва ирода, интизом, муҳаббат ба Ватан ва хизмати ҳарби;
...