Дастурамал оид ба ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ аз 29 декабри соли 2006, № 790

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 677 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2006 № 790

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2006 № 790

тасдиқ шудааст

Дастурамал оид ба ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ

1. Дастурамали мазкур тибқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2005 № 478-14 "Дар бораи татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005 № 1624" бо мақсади ба танзим даровардани системаи ҳавасмандгардонии хизматчиёни давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ иҷро кардани ӯҳдадориҳои хизматӣ, ҳамчунин баланд бардоштани ҳавасмандии моддии онҳо барои саривақт ва босифат иҷро кардани функсия ва вазифаҳои хизматӣ таҳия шудааст.

2. Иловапулӣ ба хизматчиёни давлатӣ барои иҷрои корҳои махсусан муҳим ва комёбиҳои калони хизматӣ аз ҳисоби сарфаи маблағҳое, ки барои нигоҳдории мақомоти дахлдори давлатӣ дар сметаи хароҷот (сарфаи фонди музди меҳнат ва ҳиссаҷудокуниҳои кордиҳандагон, хароҷот барои молу хизматҳо ва хароҷоти асосӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсуси мақоми давлатӣ) пешбинӣ шудаанд, пардохта мешавад.

3. Роҳбари мақомоти давлатӣ вобаста ба хусусиятҳои хоси фаъолияти мақомоти давлатӣ, нишондиҳанда ва шартҳои додани иловапулиро муқаррар менамояд. Мувофиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои умумии зерин муқаррар карда шудаанд:

- риояи интизоми давлатӣ ва меҳнатӣ;

- натиҷаи кор дар давраи муайян;

- иҷрои намунавии вазифаҳои мансабӣ, хизмати давлатии бенуқсон ва дигар муваффақиятҳо дар кор;

- таҳияи лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳо, шартномаҳо, лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- иҷрои кори таъхирнопазир ва қаблан пешбининашуда, ки бояд фавран иҷро карда шавад;

...

          Утратил силу в редакции Постановления Правительства РТ от 30.12.2011г. №677

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 декабря 2006 г. № 790

Утверждена

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 декабря 2006 г. № 790

Инструкция о выплате стимулирования государственных служащих

1. Настоящая Инструкция разработана в соответствии со статьей 27 Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" и Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 декабря 2005 года №478-14 "О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 31 октября 2005г. №1624" в целях упорядочения системы поощрения государственных служащих за надлежащее выполнение должностных обязанностей, а также повышения их материальной заинтересованности в своевременном и качественном выполнении функций и задач.

2. Осуществление дополнительных выплат государственным служащим за выполнение особо важных работ и за большие достижения на службе производится за счет экономии средств, предусмотренных на содержание соответствующего государственного органа по смете (экономия фонда оплаты труда и отчисление работодателей, расходы на товары и услуги, капитальные расходы, а также за счет специальных средств государственного органа).

3. Руководитель государственного органа, в зависимости от особенности деятельности государственного органа, устанавливает показатели и условия выдачи дополнительных выплат. По действующему законодательству установлены следующие общие показатели:

- соблюдение государственной и трудовой дисциплины;

- результаты работы за определенный период;

- образцовое выполнение должностных обязанностей, безупречная государственная служба и другие достижения в работе;

- разработка законопроектов, соглашений, договоров, проектов нормативных правовых актов;

- выполнение неотложной и заранее непредвиденной работы, которая требует безотлагательного выполнения;

...