Низомномаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 616

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо  қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.11.2023 № 531 аз эътибор соқит дониста шуд

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 616

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 декабри соли 2006 № 616

тасдиқ шудааст

Низомномаи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Саридораи бойгонӣ) мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон иҷро менамояд ва ба ҳолат, рушди минбаъда ва такмили кори бойгонидорӣ дарҶумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд, дар ихтиёри Саридораи бойгонӣ мебошад.

2. Ба Саридораи бойгонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд.

3. Саридораи бойгонӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

4. Саридораи бойгонӣ бевосита ё тавассути мақомоти тобеъ ва муассисаҳои (ташкилотҳои) система дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо фаъолият менамояд.

II. Ваколатҳо

...

Приложение 1

 Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 28 декабря 2006 года №616

Приложение 1

 Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 28 декабря 2006 года №616

Положение о Главном архивном управлении при Правительстве Республики Таджикистан

I. Общие положения

1. Главное архивное управление при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Главное архивное управление) является центральным органом исполнительной власти Республики Таджикистан, осуществляющим функции по принятию нормативных правовых актов, контролю и надзору за соблюдением законодательства в сфере делопроизводства и архивного дела в государственных органах, учреждениях, предприятиях и других организациях независимо от форм собственности и подчиненности и несет ответственность за состояние, дальнейшее развитие и совершенствование архивного дела в Республике Таджикистан.

Главное архивное управление ведает документами Национального архивного фонда Республики Таджикистан, хранящимися в государственных и ведомственных архивах Республики Таджикистан.

2. Руководство деятельностью Главного архивного управления осуществляет Правительство Республики Таджикистан.

3. Главное архивное управление в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами Президента Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, и настоящим Положением.

4. Главное архивное управление осуществляет свою деятельность непосредственно и через подведомственные органы и учреждения (организации) системы во взаимодействии с другими центральными органами исполнительной власти, местными исполнительные органами государственной власти, общественными объединениями и иными организациями.

II. Полномочия

5. Главное архивное управление осуществляет следующие полномочия в установленной сфере деятельности:

...