ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
Қонуни мазкур асосҳои сиёсати давлатиро дар самти мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, тартиби ташкили ва ҳуқуқии танзими чорабиниҳоро оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил муайян мекунад, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва кафолати иҷтимоии аҳолиро ҳангоми бемории сил ба танзим меоварад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- бемории сил - бемории сирояткунандае, ки барангезандааш гурӯҳи микробактерияҳои сил буда, асосан бо катраҳои оби даҳон ва нафас паҳн мешавад;
- шакли фаъоли бемории сил - шакли бемории сил, ки нишонаҳои фаъоли он дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти клиникӣ, лабораторӣ, рентгенелогӣ ва ғайра муқаррар гардидааст;
- шакли гузарандаи бемории сил - шакли беморие, ки бо сабаби хориҷ намудани микобактерияҳои сил ба муҳити атроф барои дигарон хавф дорад;
- кӯмаки зидди бемории сил - маҷмӯи тадбирҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, санитарию гигиенӣ за чораҳои зиддиэпидемиявӣ, ки барои ошкор, ташхис ва табобат кардан, аз он ҷумла ташхису табобати ҳатмӣ, мушоҳидаи диспансерӣ ва офияти беморони гирифтори бемории сил, ки дар беморхона ва (ё) дармонгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, равона карда шудаанд;
- гурӯҳи зери хавф қарордошта - шахсоне, ки хавфи бештар гирифтор шудан ба бемории сил доранд, аз ҷумла: атрофиёни бемор, муҳоҷирони меҳнатӣ, гирифторони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), занҳои фосилаи мӯҳлати таваллудро риоянакунанда, кӯдакоки бо ваксинаи БСЖ эмнашуда, маҳбусон, беморони гирифтор касалии қанд ва газаки кӯҳнашудаи шушҳо;
- пешгири кардаки бемории сил - маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои пешгири кардани паҳншавии бемории сил ва саривақт ошкор кардани он равона шудааст;
- низоми миллии мубориза бар зидди бемории сил - низоми мубориза бар зидди бемории сил, ки аз тарафи давлат муқаррар гардида, ба фаъолияти муассисаҳои хадамоти зидди бемории сил, шабакаҳои умумитабобатӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ асос ёфта, дар доираи он фаъолияти самараноки ошкоркунӣ ва табобати беморони сил таҳия карда, ба нақша гирифта ва амалӣ гардонида мешавад;
- муассисаҳои зидди бемории сил - муассисаҳои тиббие, ки кӯмаки зидди бемории сил мерасонанд ва пешгирии бемории силро анҷом медиҳанд, аз ҷумла муассисаҳои махсуси зидди бемории сил, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, муассисаҳои зидди бемории сили системаи корҳои ислоҳӣ, муассисаҳои тиббии таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии дорои сохторҳои санитарию эпидемиологӣ за байторӣ.
...