ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ
Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №12, мод. 542)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1585)
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1585)
Қонуни мазкур муносибатҳоеро ба танзим медарорад, ки бинобар офаридан, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мегарданд:
- топологияи микросхемаи интегралӣ (минбаьд - топология)ҷойгиршавии фазоиву геометрии маҷмӯи унсурҳои микросхемаи интегралӣ ва алоқаи байни онҳо, ки дар ҳомили моддӣ қайд гардидааст;
- топологияи аслӣ - топологияест, ки дар натиҷаи фаъолияти эҷодкоронаи муаллиф офарида шудааст ва то санаи офарида шуданаш ба муаллиф ва (ё) мутахассисони соҳаи таҳияи топологияҳо номаълум мебошад;
- михросхемаи интегралӣ - маҳсулоти микроэлектроние мебошад, ки дар шакли ниҳоӣ ё нотамом барои кори схемаи электронӣ пешбинӣ шудааст, унсурҳои он ва алоқаи байни онҳо ба таври тақсимнашаванда дар ҳаҷм ё сатҳи маводе, ки дар асоси он ин маҳсулот тайёр шудааст, ташкил ёфтаанд;
- соҳибҳуқуқ - муаллифи топология, вориси ӯ, инчунин ҳар як шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқи истисноии истифода бурдани топологияро дар асоси қонун ё шартнома соҳиб шудааст;
- маводи ба амонат гузошташаванда - нақшаи топологии васлкунӣ, маҷмӯаи фотоқолабҳо ё аксҳои ҳар як қабати микросхемаи интегралӣ, маводи дигаре, ки шинохташавандагии топологияи ба қайд гирифташавандаро таъмин менамоянд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳукуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ
...