Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2006, № 7 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади амали намудани ислоҳоти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти идоракуиии давлатӣ фармон медиҳам:

1. Банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2001 № 721 "Дар бораи теъдоди кормандон ва такмили минбаъдаи фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 293 воҳид (аз ҷумла, Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 8 воҳид) муқаррар карда шавад".

2. Шумораи кормандони ҳайати хизматрасони Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии ба миқдори 237 воҳид ихтисор карда шавад.

3. Банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 сентябри соли 2002 № 898 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтор ва шумораи штатии он" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Шумораи ниҳоии кормандони Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 38 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. Раҳмонов

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. Раҳмонов

аз 25 ноябри соли 2006 № 7

ш. Душанбе

аз 25 ноябри соли 2006 № 7

ш. Душанбе

...