Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Номгӯи маҳсулоти коркарди молҳо дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2009 № 273, аз 30.03.2013 № 171)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2009 № 273, аз 30.03.2013 № 171)
Мувофиқи моддаҳои 257 ва 259 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад ():
1. Номгӯи маҳсулоти коркарди молҳо дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо андозбандӣ карда мешаванд ва меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки барасмиятдарории гумрукии баровардани маҳсулоти коркарди молҳо аз ҳудуди қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пардохти андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо амалӣ намегардад.
3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 8 декабри соли 2006 № 573
ш. Душанбе
аз 8 декабри соли 2006 № 573
ш. Душанбе
...