Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2006, № 573 "Дар бораи Номгӯи маҳсулоти коркарди молҳо дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо"

Санаи амалкуни: 30.03.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯи маҳсулоти коркарди молҳо дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2009 № 273, аз 30.03.2013 № 171)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2009 № 273, аз 30.03.2013 № 171)

Мувофиқи моддаҳои 257 ва 259 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 171):

1. Номгӯи маҳсулоти коркарди молҳо дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо андозбандӣ карда мешаванд ва меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо дар қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Муқаррар карда шавад, ки барасмиятдарории гумрукии баровардани маҳсулоти коркарди молҳо аз ҳудуди қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пардохти андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо амалӣ намегардад.

3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 8 декабри соли 2006 № 573

ш. Душанбе

аз 8 декабри соли 2006 № 573

ш. Душанбе

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Перечне продуктов переработки товаров на таможенной территории Республики Таджикистан и ставках налога на продукты переработки товаров

(в редакции Постановления Правительства РТ от 29.04.2009г.№273, от 30.03.2013г.№ 171)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 29.04.2009г.№273, от 30.03.2013г.№ 171)

В соответствии со статьями 257 и 259 Налогового кодекса Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет (в редакции постановления Правительства РТ от 30.03.2013г. № 171):

1. Утвердить Перечень продуктов переработки товаров на таможенной территории Республики Таджикистан, облагаемых налогом на продукты переработки товаров и ставки налога на продукты переработки товаров на таможенной территории Республики Таджикистан согласно приложений 1 и 2.

2. Установить, что таможенное оформление вывоза продуктов переработки товаров за пределы таможенной территории Республики Таджикистан без уплаты налога на продукты переработки товаров не производится.

3. Настоящее постановление ввести в действие с 1 января 2006 года.

Председатель

Правительства Реcпублики Таджикистан           Э. Рахмонов

Председатель

Правительства Реcпублики Таджикистан           Э. Рахмонов

от 8 декабря 2006 года №573

ш. Душанбе

от 8 декабря 2006 года №573

ш. Душанбе

...