Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи чорабиниҳои ба тартиб даровардани истифодаи захираҳои табии ашъёи хоми пьезоптикӣ ва сангҳои ороишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади ба тартиб даровардани корҳои ҷустуҷӯ, кашф, истихроҷ ва коркарди ашъёи хоми пьезоптикӣ ва сангҳои ороишӣ Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Иттиҳодияи истеҳсолии "Помиркварцсамоцветы"-и Ввазоратӣ оид ба корҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ, кашф, истихроҷ ва коркарди ашъёи хоми пьезоптикӣ ва сангҳои ороишӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шавад.
2. Ба зиммаи иттиҳодияи истеҳсоли "Помиркварцсамоцветы"-и назорати корҳои геологию кашф ва истихроҷи маъдан, инчунин методика, пуррагии ҳуҷҷатҳо ва сифати корҳои гузаронидашавандаи омузиши геологӣ ва сифати қаъри заминаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ашъёи хоми пьезоптикӣ ва сангҳои ороишӣ гузошта шавад.
3. литцензияи гузаронидани корҳои геологию кашф ва истихроҷи маъдан дар объектҳои ашъёи хоми пьезоптикӣ ва сангҳои ороиширо ба корхонаҳо, ташкилоту иттиҳодияҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони юридикию воқеии дигар кишварҳо саридораи геологияи назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии иттиҳодияи истеҳсолии "Помиркварцсамоцветы"-и Вазорати оид ба корҳои саноати Ҷумҳури Тоҷикистон медиҳад.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳури Тоҷикистон А. Самадов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳури Тоҷикистон Р. Мирзоев
аз 18 ноябри соли 1994 № 529
ш. Душанбе
Совет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О мерах по упорядочению использования природных ресурсов пьезооптического и камнесамоцветного сырья в Республике Таджикистан
В целях упорядочения работ по поискам, разведке, добыче и переработке пьезооптического и камнесамоцветного сырья Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Считать Производственное объединение "Памиркварцсамоцветы" Министерства по делам промышленности Республики Таджикистан специализированной организацией по поискам, разведке, добыче и переработке пьезооптического и камнесамоцветного сырья на территории Республики Таджикистан.
2. Возложить на Производственное объединение "Памиркварцсамоцветы" контроль за геологоразведочными и горнодобычными работами, а также за методикой, комплектностью документации и качеством проводимых работ по геологическому изучению и использованию недр Республики Таджикистан на пьезооптическое и камнесамоцветное сырье.
3. Лицензия на проведение геологоразведочных и горнодобычных работ на объекты пьезооптического и камнесамоцветного сырья предприятиям, организациям, объединениям и гражданам Республики Таджикистан, а также юридическим и физическим лицам других стран выдается Главным геологическим управлением при Совете Министров Республики Таджикистан по согласованию с Производственным объединением "Памиркварцсамоцветы" Министерства по делам промышленности Республики Таджикистан.
Председатель
Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов
Управляющий делами
Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев
от 18 ноября 1994 года № 529
г. Душанбе