Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2006 № 107
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010
I. Муқаддима
Солимӣ барои тамоми амалиётҳо дар соҳаи беҳтарсозии вазъияти иқтисодӣ ва инкишофи инсон шароити мусоид фароҳам меорад. Аз ин рӯ, дурнамои рушди тарзи ҳаёти солим омили муҳимтарини суръатафзои рушди устувор, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Дар давраҳои истиқлолият ба мушкилиҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ нигоҳ накарда дар ҷумҳурӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон ва ҷавонон тадбирҳои муҳим андешида шудаанд.
Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои муҳими байналмилалиро тасдиқ карда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои стратегӣ дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ қабул намуд, ки яке аз гурӯҳҳои мақсаднок ва афзалиятноки он ҷавонон ба шумор мераванд. Вақтҳои охир аз ҷониби сохторҳои ҳукуматӣ, ташкилотҳои ғайриҳукумати ва байналмилалӣ тадбирҳои мақсаднок оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон гузаронида мешаванд.
Масъалаҳои рушд ва ҳифзи саломатии ҷавонон дар як қатор шартномаҳои байналмилалӣ, аз он ҷумла: дар Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Конференсияи байналмилалӣ оид ба нуфус ва инкишоф (Коҳира, 1994), Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак (1990), Конференсияи 4-ум оид ба вазъияти занон (Пекин, 1995), Барномаи амалиёти Конфронси Байналмилалӣ оид ба нуфус ва инкишоф+5 (Гаага, 1999) ва Эъломия дар бораи пайравӣ дар мубориза алайҳи вируси норасоии масунияти бадан/Аломати норасоии масунияти бадан, ки соли 2001 аз тарафи Сессияи махсуси Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (минбаъд-СММ) қабул карда шудааст ва санадҳои дигар инъикос ёфтаанд.
Дар Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи то соли 2010, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2002 № 436 тасдиқ гаштааст, зикр мегардад, ки мушкилот ва стратегияи беҳтар кардани вазъи саломатии ҷавонон аз хусусиятҳои мавқеи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, рафтор, тарзи ҳаёт ва аз омилҳое, ки ба ташаккули саломатии онҳо таъсир мерасонанд, вобастагӣ дорад.
Ҷараёни ташаккулёбии иҷтимоии ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи гузариш, шароити душвори иҷтимоию иқтисодӣ, вазъияти шикасти арзишҳои замони гузашта ва ташаккулёбии муносибатҳои нави иҷтимоӣ мегузарад, ки он ҳалқаи муттасили наслҳоро канда, худи ҷараёни ташаккули роҳи дурустро душвор мегардонад.
Вазъияти баамаломада ба ташаккулёбии малакаҳои ҳаёти дар соҳаи саломатӣ ва инкишофи саломатии ҷавонон таъсири худро нарасонида наметавонист.
Аз ин рӯ, ба дастовардҳои ноилгашта нигоҳ накарда, вазъи саломатии ҷавононро бомуваффақият арзёбӣ кардан номумкин аст. Дар тӯли 10 соли охир дар ҷумҳурӣ афзоиши устувори падидаҳои номатлуб, ба монанди ҳомиладории бармаҳал, исқоти ҳамл, паҳн шудани нашъамандӣ, бемориҳои сирояткунандаи ҷинси, вируси норасоии масунияти одам (минбаъд-ВНМО)/бемории норасоии мухассали масуният (минбаъд-БНММ) ба назар мерасад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 42 миллион одамон паҳнкунанда ва гирифтори ВНМО/БНММ мебошанд, ки 3,2 миллионӣ онро кӯдакони то 15 сола ташкил медиҳанд. Аксарияти онҳо паҳнкунандаи вирус будани худро пай намебаранд. Тамоюли фаъолнокии ҷинсии бармаҳали наврасон мушоҳида карда мешавад, ки ба паҳн гаштани сироят мусоидат менамояд. Надонистан ва ё дониши нокифоя дар бораи тарбияи ҷинсӣ ба паҳн гаштани бемори оварда, ҳаёти солим ва комилро ғайриимкон месозад.
Таҷриба ва тадқиқоти дар ҷумҳурӣ гузаронидаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тавдурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ, Хазинаи нуфуси СММ, Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки сабаби афзоиш ёфтани ҳомиладории бармаҳал, исқоти ҳамл, нашъамандӣ, паҳн шудани бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ВНМО/БНММ дар байни ҷавонон ин паст будани сатҳи маълумотнокӣ оид ба тарзи ҳаёти солим, сатҳи пасти малакаҳои ҳаётӣ дар нигаҳдории сиҳатии шахсӣ мебошад.
Дар марҳилаи гузариш ба қарни ХХI айён гаштааст, ки баъзе аз мушкилоти нигаҳдории саломатии аҳолӣ танҳо тавассути тағйир додани рафтори одамон ва инкишофи малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатӣ ҳалли худро хоҳанд ёфт. Ин дахолатҳо, агар дар навбати аввал миёни ҷавонон, ки дар марҳилаи ибтидоии ҷараёни ташаккулёбии шахсият қарор доранд ҷорӣ карда шаванд, натиҷаҳои самаранок медиҳанд ва иштироки онҳоро низ дар ҷараёни амалигардӣ таъмин менамоянд. Бар замми ин, хизматрасонӣ ба ҷавонон дар самти саломатӣ бояд оқилона буда, манфиат ва эҳтиёҷоти онҳоро ба инобат гирифта, нисбати онҳо хайрхоҳона бошад. Чунин тарзи хизматрасонӣ барои пайдо намудани иттилооти дуруст ва бамаврид мусоидат намуда, номгӯи пурраи хизматрасонии дастрас, қобили қабул, босифат ва махфиро аз ҷониби кормандони касбӣ, ки ба онҳо масъалаҳои саломатӣ, принсипҳои хизматрасонии хайрхоҳона ба ҷавонон омӯзонида шудааст ва аз ҳама муҳим иштироки худи ҷавононро ба воситаи ҷорӣ намудани барномаҳои омӯзишии "Ҳамсол ба ҳамсол" таъмин менамояд.
Бо мақсади муайян кардани хизматрасонии мавҷуда, талаботи ҷавонон барои дастрасии хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустӣ моҳи апрели соли 2004 аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони СММ ва Хазинаи нуфуси СММ харитагирии хизматрасонии хайрхоҳона барои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Ҳисобот аз рӯи чорабинии мазкур яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ барои рушди амалиёт ва барномаҳои минбаъдаи қонеъгардонии талаботи ҷавонон мебошад.
Таҷриба ва тадқиқоти гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои муҳимтарини садди роҳи инкишофи малакаҳои ҳаётии ҷавонон дар самти саломатӣ инҳо мебошанд:
- сифати пасти хизматрасонии хайрхоҳона дар самти саломатии ҷавонон;
- сатҳи пасти иштироки ҷавонон махсусан гурӯҳҳои осебпазир дар таҳия ва татбиқи чорабиниҳои пешгирикунанда;
- бесамарона истифода гаштани иқтидор ва имкониятҳои системаи маориф дар рушди малакаҳои ҳаётии наврасон дар бахши саломатӣ;
- сатҳи пасти стратегияи коммуникатсионӣ дар инкишофи малакаҳои ҳаётии наврасон дар бахши саломатӣ;
- номукаммал будани ҳамкории иҷтимоӣ миёни бахшҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҷараёни инкишофи чорабиниҳои пешгирикунанда.
Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 (минбаъд - Барнома) саҳми сохторҳои ҳукуматӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ дар роҳи ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола мебошад, ки дар ҳалли мушкилоти мазкур мусоидат менамояд.
II. Ҳадаф ва вазифаҳо
Ҳадафи Барнома беҳтар гардонидани саломатии ҷавонон тавассути паст намудани таъсири рафтори хавфнок аз қабили муносибатҳои тасодуфии шаҳвонӣ, нашъамандӣ, бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ВНМО/БНММ мебошад.
Вазифаҳои Барнома:
- пешгирӣ ва паст кардани таъсири рафтори хавфнок оид ба масъалаҳои муносибатҳои тасодуфии алоқаи ҷинсӣ, нашъамандӣ, бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ВНМО/БНММ тавассути беҳтар намудани шароит барои дастрас кардани иттилоот, маълумот ва ташаккули малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатӣ;
- мусоидат намудан ба ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазир оид ба дастгирии иҷтимоию ҳуқуқӣ, баробарҳуқуқии гендерӣ ва иштироки ҷавонон дар барномаҳои мақсадноке, ки ба рушди саломатӣ равона гаштаанд;
- фаъол гардонидани иштирок ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокии ҷавонон дар барномаҳои мақсаднок, ки ба рушди саломатӣ равона гаштаанд;
- беҳтар намудани шароити ҷавонон оид ба дастрас гаштани хизматрасонии босифат ва хайрхоҳона дар муассисаҳои иҷтимоӣ;
- баланд бардоштани нақши ҷомеа дар роҳи бунёди муҳити хайрхоҳона барои рушди саломии ҷавонон.
СТРАТЕГИЯ
Ташаккул ва рушди системаи хизматрасонии хайрхоҳона барои ҷавонон дар бахши саломатӣ.
III. Вазъи саломатии ҷавонон
Тақсимоти синнусолии мафҳуми "ҷавонон" душвор ва бисёрзина мебошад. Ҳудудҳои хронологии синну соли ҷавонӣ дар вобастагӣ аз омилҳои меъёрии ҳуқуқӣ, равонӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва як қатор омилҳои дигар муайян карда мешаванд.
Дар аксари кишварҳо мафҳумҳои "наврасон", "ҷавонон" ва "одамони ҷавон" истифода мешавад, ки онҳо аз нишондодҳои гуногуни синнусолӣ, нақш ва ӯҳдадориҳо вобаста мебошанд. Лаҳзаҳои муҳими ҳаёт - барпо намудани оила, оғози ҳаёти ҷинсӣ, таваллуди кӯдак, шуғл, иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ дар ҷомеаҳои мухталиф дар синнусоли гуногун ба амал меоянд. Айни замон мафҳуме, ки барои муайян кардани марҳилаҳои гуногуни ҷавонӣ бо назардошти омилҳои демографӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ васеъ истифода карда мешаванд, инҳо мебошанд:
- наврасон: 10-19 сола
- ҷавонон: 15-24 сола
- одамони ҷавон: 10-24 сола
Зикр кардан бамаврид аст, ки мувофиқи Конвенсияи оид ба ҳуқуқҳои кӯдак (1990 с.) таҳти мафҳуми "ҷавонон" шахсони аз 10 то 24 сола фаҳмида мешаванд. Вале, дар таҷрибаи кишварҳои гуногун нисбат ба тақсимоти синусолии ҳаёти шахс назари ягона вуҷуд надорад. Масалан, дар Федератсияи Россия ба категорияи ҷавонон шахсони 14 - 29 сола, дар Молдова 14 - 25 сола, дар Қирғизистон 15 -35 сола дохил мешаванд.
Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ҷавонон - гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, ки шахсони 14-30-соларо дар бар мегирад.
Бо вуҷуди ин, ба таҷрибаи ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва мақомоти омории ҷумҳурӣ такя намуда, дар санади мазкур таҳти мафҳуми "ҷавонон" "шахсони 10 - 24 сола"-ро дар назар дорем.
Дар самти тарзи ҳаёти солим
Дар пайдоиши аксарияти бемориҳо худи шахс, маданияти пасти беҳдоштӣ, тарзи ҳаёти носолим ва муносибати манфӣ ба саломатии худ сабабгор мебошад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ муайян шудааст, ки солимии инсон пеш аз ҳама (55%) ба тарзи ҳаёти солим вобастагӣ дорад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон синну соли харид ва истеъмол намудани маҳсулоти тамоку ва машруботро муайян намесозад. Маълумоти аниқ дар бораи шумораи истеъмолкунандагони маҳсулоти тамоку, машрубот бо назардошти синну соли ҷавонон, иттилооти боваринок ва саривақтӣ дар бораи оқибатҳои истеъмоли тамоку ва машрубот вуҷуд надорад.
Тайи солҳои охир истеъмоли тамоку ва машрубот миёни ҷавонон афзоиш ёфта истодааст. Ба истеъмоли зеризабонии тамоку ("нос"), бо назардошти арзон ва дастрастар будан, бартарият дода мешавад, ки истеъмоли васеъи онро таъмин намудааст. Истеҳсоли хусусӣ ва набудани назорат аз болои фурӯши ,нос, зарари истеъмоли онро зиёд мекунад.
Тадқиқот нишон дод, ки миёни хатмкунандагони мактаби деҳот 21% писарон нос ва 28,5% хатмкунандагони мактабҳои ҳамагонии шаҳр сигор мекашанд.
Дар самти солимии репродуктивӣ
Дар бештари давлатҳои ҷаҳон дар даҳсолаи охир ҷараёни зуд ба воя расидани наврасон мушоҳида карда мешавад. Аксар вақт инкишофи босуръати равонӣ ва ҷисмонӣ боиси бармаҳал оғоз шудани ҳаёти ҷинсӣ мегардад. Дар баробари ин, сатҳи пасти тафаккур дар соҳаи маърифати ҷинсӣ ва малакаҳои ҳаётӣ оид ба саломатӣ ба солимии репродуктивии наврасон таъсири манфӣ расонида, ба пайдо шудани ҳомиладории бармаҳал мусоидат намуда, хавфи сирояти бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ВНМО/БНММ-ро зиёд мекунад.
Ҳамин тавр, аз рӯи маълумоти Маҷалаи аврупоӣ оид ба солимии репродуктивӣ (с. 1998) дар Тоҷикистон 21,5% наврасон таҷрибаи алоқаи ҷинсӣ доранд (12,2% - духтарон, 33,5% писарон). Натиҷаҳои тадқиқоти вазъияти солимии репродуктивии занон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки соли 1998 аз тарафи Хазинаи нуфуси СММ дар доираи барномаи "Беҳтар намудани солимии репродуктивӣ ва дастрасии хизматрасонӣ оид ба банақшагирии оила" гузаронида шудаанд, нишон додаанд, ки 10,8 % занон ҳаёти ҷинсиро аз синни 13 - 15 солагӣ оғоз намудаанд. Мувофиқи тадқиқоти Хазинаи нуфуси СММ "Таҳкими солимии репродуктивии наврасон" байни пурсидашудагони оиладор ва ҷудошуда беш аз 84% тасдиқ намуданд, ки то синни 18 солагӣ ҳаёти оилавиро оғоз намудаанд.
Яке аз сабабҳои асосии ноустувор гаштани солимии репродуктивии наврасон сатҳи пасти маълумотнокии онҳо мебошад. Ҳамин тавр, мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоте, ки аз моҳи май то моҳи сентябри соли 2002 аз тарафи Иттиҳодияи ҷамъиятии "Гендер ва тараққиёт" дар доираи лоиҳаи Хазинаи нуфуси СММ "Таҳкими солимии репродуктивии наврасон" гузаронида шудааст, зиёда аз 60% наврасон ягон намуди бемориро, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузарад, аз ҷумла ВНМО/БНММ-ро номбар карда натавонистанд. Танҳо 22% наврасон рифоларо ҳамчун воситаи пешгирӣ кардани бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда номбар намуданд. Бар замми ин, тадқиқоти Хазинаи нуфуси СММ, ки солҳои 1998 ва 2002 гузаронида шудаанд, нишон додаанд, ки сарчашмаи асосии маълумотнокии наврасон тағйир ёфтааст.
Тағйир ёфтани структураи сарчашмаи маълумотнокӣ барои наврасон оид ба масъалаҳои солимии репродуктивӣ дар солҳои 1998 ва 2002 дар ҷадвали зерин нишон дода шудааст.
+----------------------+-------------------------+-------------------ҷ
|Манбаи маълумот | 1998 с.(%) | 2002 с.(%) |
| +----------+--------------+ |
| | Писарон | Духтарон | |
+----------------------+----------+--------------+-------------------+
|Волидон | - | 49,0 | 10,1 |
| | | | |
|Дӯстон | 32,24 | 23,47 | 50,0 |
| | | | |
|Адабиёт | 25,66 | - | 20,2 |
| | | | |
|Кормандони соҳаи тиб | - | 7,47 | 5,5 |
| | | | |
|Омӯзгорон | - | 8,05 | 2,8 |
+--Р-------------------+----------+--------------+-------------------+
Сарчашма: тадқиқоти Иттиҳодияи ҷамъиятии ,Гендер ва тараққиёт, (с. 2002).
Нишондодҳои ҷадвал собит месозанд, ки барои наврасон сарчашмаи асосии дастрас гаштани маълумотнокӣ ,дӯстон, мебошанд. Дар ҳарду тадқиқот кормандони тиб ва омӯзгорон ҳамчун сарчашмаи иттилоот нақши муҳимро намебозанд. Ҳамин тавр, иштироки ҷавонон дар ҷараёни татбиқи чорабиниҳои пешгирикунанда яке аз муҳимтарин омилҳои самарабахши он мебошад.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти номбаршуда, сеяки волидон бовари доранд, ки тарбияи ҷинсӣ ба рафтори наврасон таъсири манфӣ мерасонад, 68,3% калонсолон бо ин фикр розӣ нестанд.
Дар баробари ин, мувофиқи маълумоти Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрии Тоҷикистон аз 2000 духтарони муоинашуда дар 12% онҳо бемориҳои гинекологӣ, аз он ҷумла дар сокинони шаҳр 31,6%, сокинони деҳот 63,9% ва дар 34% онҳо бемориҳои берунаи ҷинсӣ ошкор карда шуданд.
Аз рӯи маълумоти Маркази миллии солимии репродуктивӣ (соли 2004) аз шумораи умумии занони синнусоли репродуктивии дар ҳисоби диспансерӣ буда, занҳои то 20 сола танҳо 2,8%-ро ташкил медиҳанд, ки аз маҳдуд будани дастрасӣ ва истифодаи маводи пешгирикунандаи ҳамл аз тарафи наврасон ва ҷавонон шаҳодат медиҳад. Ба тамоюли умумии пастшавӣ нигоҳ накарда исқоти ҳамл дар Тоҷикистон то ҳол яке аз усулҳои маъмули танзими таваллуд боқӣ мемонад, ки дар навбати худ ба саломатиии ҷавонзанон таъсири манфӣ мерасонад. Мувофиқи тадқиқоти соли 1998 исқоти ҳамл миёни наврасон дар синни 15 -16 солагӣ - 0,3% , дар 17 - 18 солагӣ - 1,1%, дар 19 - 20 солагӣ - 3,2% ва дар 21 - 25 солагӣ 14,3 % -ро ташкил медиҳад. 32,6% ҳодисаҳои исқоти ҳамл ба занони бори аввал ҳомиладоршуда (дар соли 2000 - 41,6%) то синни 20 сола рост меояд. Инчунин, исқоти ҳамл яке аз сабабҳои асосии маргӣ модарон мебошад.
Дар самти пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда
Солҳои охир афзоиши шумораи бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ ба назар мерасад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола 300 млн. ҳодисаҳои бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ба қайд гирифта мешаванд. Паст шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, афзоиш ёфтани ҷараёни муҳоҷират ва нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хатари воқеии паҳншавии бемориҳои мазкурро ба вуҷуд меоранд. Дар айни замон маълумоти омории расмӣ вазъи воқеии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузарандаро инъикос наменамояд. Ҳодисаҳои бақайдгирифташудаи бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ки дар Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ мавҷуд мебошанд, бемориҳои кубот (сифилис), сӯзок (гонорея), трихомониаз ва ВНМО-ро (шаклҳое, бо роҳҳои ҷинсӣ сироят ёфтани онҳо тасдиқ шудаанд) дар бар мегиранд. Дар айни замон иттилооти зарурӣ дар бораи бемориҳое, ки барангезандаи онҳо гарднереллаҳо, хламидияҳо, ситомегаловирусҳо, уреаплазмаҳо, токсоплазмаҳо ва микст-инфексияҳо мебошанд, вуҷуд надорад.
Дар солҳои 90 асри гузашта дар ҷумҳурӣ афзоиш ёфтани ҳодисаҳои бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ба қайд гирифта шуд. Новобаста аз он, ки аз соли 2001 тамоюли поён рафтани шумораи ҳодисаҳои бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ба назар мерасад, нишондодҳо ҳоло ҳам дар сатҳи баланд қарор доранд (соли 2001 - 60.4, дар соли 2003 - 56.4 ҳодиса ба 100000 нафар аҳолӣ). Афзоиши бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда дар вилояти Суғд, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор ба қайд гирифта шудааст.
Аз соли 1995 ҳодисаҳои ба кубот (сифилис) гирифтор шудани бачагон ва наврасон ба қайд гирифта шудаанд: шаклҳои сирояткунанда дар 17 нафар бачагони то 14 сола ва 19 нафар дар наврасони 15-17 сола, аз соли 1997 бошад, ҳодисаҳои сифилиси модарзод (соли 1997 - 9, соли 1998 - 4, соли 2000 - 8, соли 2003 - 7 ва дар соли 2004 - 3) ба қайд гирифта мешаванд.
Зуд ба воя расидани наврасон ба оғози бармаҳали ҳаёти ҷинсӣ ва натиҷаи он ба бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда оварда мерасонад. Тадқиқоте, ки дар соли 1998 миёни хонандагони мактабҳои ҳамагонӣ дар доираи барномаи Хазинаи нуфуси СММ, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Таҳкими солимии репродуктивии наврасон" (соли 2002) гузаронида шуданд, нишон доданд, ки гирифтори бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда дар байни наврасон 13,1%-ро ташкил медиҳад. Дар байни пурсидашудагон 10,5% дар бораи бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда маълумот надоранд, 53,8%-и онҳо шунидаанд, вале маълумоти муфассал надоранд, 35,6% маълумоти пурра доранд. Байни духтарон дар бораи сифилис 49%, дар бораи гонорея 24%, дар бораи трихоманиоз 5% пурсидашудагон маълумот доранд. Аксарияти духтарон (86,7%) ташаккули хизматрасонии махфии муоина ва маслиҳатрасониро оид ба бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда бо истифодаи хизматрасонии хайрхоҳона барои ҷавонон зарур медонанд. 37,4% наврасон тадбирҳои муҳофизат аз бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузарандаро дар худдорӣ кардан аз алоқаи ҷинсӣ, 16,9% бо шахсони бегона, 9,5% бо фоҳишагон ва 20,7% дар истифодаи рифола мебинанд.
Шаклҳои анъанавии бақайдгирии беморон, пӯшида ва махфӣ набудани он, ба қайд гирифтани маълумоти дар бораи шахсият ва пур намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар айни замон ноқулай ва бесамар гаштаанд. Ҷавонон чунин шартҳоро қабул кардан намехоҳанд ва дар натиҷа ҳодисаҳои худмуолиҷакунӣ, хизматрасонии мутахассисони ихтисоси пастдошта, шиддатёбии беморӣ, таҳрифи маълумотҳои оморӣ ва ғайра афзоиш меёбанд. Умумияти механизмҳои сирояти инфексияи урогениталӣ метавонад ҳамзамон ба сироят шудани организм бо якчанд ангезандаҳо мусоидат намояд ва хатари сирояти ВНМО-ро зиёд мекунад.
Ҳамин тариқ, бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда яке аз мушкилоти муҳими замони муосир мебошад. Зарурати таъмини идоракунии паҳншавии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ба миён меояд. Аз ҳама беш паст будани сатҳи маълумотнокии наврасон дар бораи роҳҳои сирояти бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва усулҳои пешгирӣ кардани он ташвишовар аст.
Дар самти пешгирии нашъамандӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеи ҷуғрофии худ дар роҳи транзити маводи нашъаовар ҷойгир шудааст, ки ин омил ба афзоиши нашъамандӣ мусоидат менамояд.
Мувофиқи омори расмӣ сатҳи умумии истеъмоли маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 15% афзоиш меёбад.
Мувофиқи натиҷаҳои тадқиқоти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорчӯбаи лоиҳаи байналмилалӣ ва баҳодиҳӣ ба вазъияти соҳаи истеъмоли маводи нашъаовар дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, солҳои 2002 - 2003 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 45 то 55 ҳазор шахсони гирифтори нашъамандӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 80% онҳо истеъмолкунандагони героин мебошанд.
Дар соли 2003 30% -и шумораи умумии нашъамандонро шахсони то 24 сола ва 8,4%-ро шахсони 35-45 сола ташкил медоданд. Омӯзиши хусусиятҳои синусолии нашъамандон нишон медиҳанд, ки дар байни онҳо ҷавонон бештаранд.
Аз шумораи умумии бемороне, ки дар қайди Марказии наркологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон меистанд, истеъмолкунандагони героин 75,2%, ҳашиш 6,6% ва намудҳои дигари маводи нашъаовар 18,2% ташкил медиҳанд.
Натиҷаҳои тадқиқоти "Баҳодиҳӣ ва таъсиррасонии фаврӣ миёни гурӯҳҳои ҷавонони ба ВНМО/БНММ осебпазир", ки соли 2003 бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ гузаронида шудааст, нишон доданд, ки таҷрибаи нахустини истеъмоли маводи нашъаовар дар синни 11 солагӣ оғоз ёфта, ба ҳисоби миёна ин синну сол 18-19 солро ташкил медиҳад.
Натиҷаҳои тадқиқоти Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза алайҳи БНММ, ки бо дастгирии техникии мушовирони Барномаи мубориза бо БНММ-и СММ гузаронида шудааст, муайян карданд, ки 22%-и хонандагони пурсидашудаи мактабҳои таълимоти ҳамагонӣ ва 8,2%-и донишҷӯёни мактаби олии шаҳри Душанбе таҷрибаи истеъмоли маводи нашъаоварро доранд.
Дар самти пешгирии ВНМО/БНММ
Тоҷикистон дар айни замон ба қатори кишварҳои бо сатҳи пасти паҳншавии ВНМО шомил мешавад. То январи соли 2005 дар ҷумҳурӣ расман 317 ҳодисаи гирфтор шудан ба ВНМО, аз он ҷумла 50 ҳодиса дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 147 дар вилояти Суғд, 75 дар вилояти Хатлон, 40 дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 50 дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст. 86,1% шахсони гирифтори ВНМО-ро шахсони 15-40 сола ташкил доданд, ки 256 нафари онҳо мард ва 61 нафари онҳо зан мебошанд.
Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бадшавии вазъияти эпидемиологӣ оид ба паҳншавии ВНМО ба назар мерасад. Дар тӯли 10 соли гузашта аз вақти ба қайд гирифта шудани ҳодисаҳои нахустини ВНМО дар соли 1991 шумораи онҳо устувор боқӣ мемонд. Дар се соли охир бошад шумораи бақайдгирифташудагони ВНМО дар ҷумҳурӣ беш аз 20 маротиба афзоиш ёфтааст ва дар айни замон 317 нафарро ташкил медиҳад. Агар дар соли 2000 -7 ҳодисаи сироят ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли 2001 - 34 ҳодиса, соли 2002 - 32, соли 2003 - 42 ва дар 9 моҳи соли 2004189 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Ба ин нигоҳ накарда, маълумот дар бораи паҳншавии ВНМО вазъияти воқеиро инъикос наменамояд. Мувофиқи баҳодиҳии коршиносони Ташкилоти СММ оид ба БНММ шумораи воқеии сироятёфтагон 10-20 маротиба аз омори расмӣ зиёдтар мебошад ва ба ақидаи онҳо ин рақам чун прогрессияи геометрӣ афзоиш меёбад.
ВНМО/БНММ - бемории иҷтимоӣ мебошад ва сирояти ВНМО аксаран аз тарзи ҳаёт ва рафтори одам вобаста аст. Камбизоатӣ, бекорӣ, афзоиш ёфтани шумораи нашъамандони тазриқӣ, шахсоне, ки хизмати шаҳвонӣ мерасонанд, муҳоҷирони меҳнатӣ, сатҳи пасти маълумотнокии аҳолӣ, махсусан ҷавонон оид ба роҳҳои сироят ва усулҳои пешгирии ВНМО ба паҳншавии беморӣ мусоидат менамояд.
Вазъияти воқеии иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ба ташаккул ёфтани рафтор, дар навбати аввал ба рафтори ҷавонон таъсири ҳалкунанда мерасонад. Онҳо ба шароитҳои навӣ зиндагӣ мутобиқ шуда натавониста, гурӯҳҳои осебпазирро пур мекунанд.
Мувофиқи маълумоти Ташкилоти СММ оид ба БНММ дар ҷумҳурӣ беш аз 8000 нафар хизмати шаҳвонӣ мерасонанд. Ба ақидаи коршиносон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мувофиқи маълумоти расмӣ 412196 нафарро (дар соли 2005) ташкил медиҳанд, низ ба гурӯҳи осебпазир шомил мешаванд. Қисми зиёди муҳоҷирони тоҷик дар Федератсия Россия, ки шумораи сироятёфтагони ВНМО дар он ҷо зиёда аз 1 млн. нафарро аз синни 15 то 49 сола ташкил медиҳад, кор ва зиндагӣ мекунанд. Муттаасифона, ҳангоми озими роҳ шудан аксари онҳо дар бораи ВНМО/БНММ ва роҳҳои пешгирии он маълумоти кофӣ надоранд.
IV. Сиёсат дар самти асломатии ҷавонон
Заминаи меъёрии ҳуқуқӣ
Дар солҳои истиқлолият, бо вуҷуди мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ барои рушди амалиёти ҳамаҷониба дар самти саломатии ҷавонон тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалиро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои занон ва кӯдакон, ба монанди "Конвенсия дар бораи аз байн бурдани ҳамагуна табъиз нисбат ба занон" (соли 1993) ва "Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак" (соли 1993) тасдиқ намуд.
Бо қабул кардани санадҳои ҳуқуқии дахлдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994), Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1997), Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1999), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемориҳои норасоии мухассали масуният" (соли 2005), "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" (соли 1997), "Дар бораи маводҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" (соли 1999), "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ" (соли 2002), "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" (соли 2004) қонунгузорӣ дар самти ҳифз ва беҳтар кардани саломатии ҷавонон заминаи устувор пайдо кард. Дар онҳо чунин мафҳумҳо пешбинӣ карда шудаанд: баробарии марду зан дар оила, ҳуқуқи зан оид ба мустақилона ҳал намудани масъалаи модаршавӣ, ҳуқуқи ҷавонон ба иттилоот ва хизматрасонӣ дар соҳаи солимии репродуктивӣ, истифодаи ихтиёрии воситаҳои пешгирии ҳамл, иштироки ҷавонон дар барномаҳои маърифатӣ ва ғайра.
Бояд зикр намуд, ки дар моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" принсипҳои асосии ҷалби ҷавонон ва иштироки бевосита дар ташаккул ва татбиқи сиёсат ва барномаҳо, ки ба онҳо дахл дорад, муайян карда шудаанд. Манбаи меъёрии ҳуқуқӣ ва механизми татбиқи иштирок ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон дар моддаҳои 22 ва 23 қайд карда шудаанд.
Масъалаҳои ҳифз ва беҳтар гардонидани саломатии ҷавонон дар ҳуҷҷатҳои стратегӣ: "ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ" (соли 2002) ва "Расидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола" (соли 2003), ки барои аз байн бурдани нобаробарӣ байни ҷинсҳо дар соҳаи маълумоти ибтидоӣ ва миёна, паст кардани сатҳи фавти модарон ва кӯдакон, беҳтар намудани хизматрасонии солимии репродуктивӣ ва пешгирӣ намудани хатари паҳншавии ВНМО/БНММ равона шудаанд, инъикоси худро ёфтаанд.
Барномаҳои зерин қабул ва татбиқ шуда истодаанд: Барномаи миллии ,Ҷавонони Тоҷикистон,, барои солҳои 2004 - 2006 (соли 2003), Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2010 (соли 2002), Нақшаи Стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014, Барнома оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2010 (соли 2003), Барномаи миллии тадбирҳои комплекӣ оид ба пурзӯр кардани мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, назорат аз болои гардиши қонунии маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирӣ, муолиҷаи нашъамандӣ ва эҳёи иҷтимоии шахсони гирифтори нашъамандӣ барои солҳои 1999 - 2002, Барномаи миллии пешгирӣ ва мубориза алайҳи Вируси норасоии масунияти бадан/Бемории норасоии масунияти бадан ва бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда барои солҳои 1997-1998 (бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000 № 516 таҳрири нави Барномаи милли то соли 2007 тасдиқ карда шудааст), Нақшаи Стратегии пешгирии таҳдиди паҳншавии Вируси норасоии масунияти бадан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002-2005, (соли 2002) ва Барномаи Стратегӣ мубориза алайҳи эпидемияи ВНМБ/БНММ дар системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2010, Барномаи амалиёти Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, Вируси норасоии масунияти бадан/Аломати норасоии масунияти бадан ва нашъамандӣ барои солҳои 2002-2004 (соли 2002), Барномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии нашъамандӣ, истеъмоли маводи заҳрнок (токсикомания), Вируси норасоии масунияти бадан/Аломати норасоии масунияти бадан, дигар одатҳои зараровар ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2002-2007.
Дар давоми даҳ соли охир аз рӯи Принсипи афзалиятноки масъалаҳои саломатии занон ва кӯдакон, таҳия ва ҷорӣ кардани барномаҳои мунтазами мақсадноки миллӣ ва соҳавӣ дар самти саломатӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои бештар паҳнгардида миёни занон ва кӯдакон амалӣ карда мешаванд.
Аз соли 1996 сар карда лоиҳаҳои муштараки Фонди нуфуси СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Васеъ гардонидани шароити мусоид барои дастрасӣ ба иттилоот ва хадамоти банақшагирии оила", "Беҳтаргардонии хизматрасонии солимии репродуктивӣ ва васеъ гардонидани дастрасӣ ба хадамоти банақшагирии оила", "Робитаи иттилоотӣ-таълимӣ, сиёсат дар соҳаи нуфус дар Тоҷикистон" аз қабили ин гуна барномаҳо мебошанд. Аз соли 2000 силсилаи барномаҳо, ки аз зербарномаҳои "Стратегияи нуфус ва инкишоф", "Тарғибот" ва "Солимии репродуктивӣ" амал менамояд.
Барномаҳои мазкур дар ташаккулёбиву рушди сиёсат ва стратегияи беҳтаргардонии солимии репродуктивӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар роҳи беҳтар намудани вазъи солимии репродуктивии аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва дастгирии СММ фаъолиятро миёни истеъмолкунандагони маводи нашъаовар бо сӯзандору оид ба ивази сӯзандору амалӣ месозад. Татбиқи лоиҳа оид ба паст кардани зарар, инчунин лоиҳаи таҷрибавӣ оид ба паст кардани хатар миёни шахсоне, ки ба хизматрасонии шаҳвонӣ машғуланд (Ташкилоти умуҷаҳонии тандурустӣ), ва барномаи омӯзиши тарзи ҳаёти солими ҷавонон оғоз ёфтааст (Хазинаи нуфуси СММ ва Хазинаи кӯдакони СММ).
Ҳамин тариқ, дар даҳсолаи охир дар ҷумҳурӣ замина барои рушди минбаъдаи сиёсат ва стратегияи беҳтарсозии вазъи саломатии ҷавонон бунёд шудааст.
Дар самти рушди тарзи ҳаёти солим
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият дар соҳаи тарзи ҳаёти солим бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2003 № 84 "Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010" қабул карда шуд.
Дар доираи татбиқи "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нигаҳдории саломатии аҳолӣ то соли 2010" ва "Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010" дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ шабака ва сохторҳои хадамоти тарзи ҳаёти солим ташкил карда шудаанд.
Аз ҷониби ин марказҳо маърифати беҳдошти санитарӣ дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ амалӣ мегардад, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст, корҳои зиёд доир ба тарғиби тарзи ҳаёти солим тавассути васоити ахбори омма анҷом дода мешаванд.
Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ Барномаи "Таъмини об. Санитария. Маҳсулоти гигиенӣ"-ро татбиқ намуда истодааст. Дар 200 мактаби деҳот (6 навоҳии вилояти Хатлон ва 6 навоҳии вилояти Суғд) Ассотсиатсияи волидон ва омӯзгорон ташкил ва гурӯҳи хонандагон-таблиғотгарони солимӣ аз рӯи 7 қисматҳои беҳдошти гигиенӣ тайёр карда шудаанд. Хонандагон дар тадқиқоти "Дониш. Муносибат. Таҷриба. Рафтор." миёни аҳолӣ дар соҳаи санитария ва гигиена ширкат варзиданд.
Дар мактаби таҷрибавӣ гурӯҳҳои хонандагон-таблиғотгаронӣ масъалаҳои санитарӣ ва гигиенӣ аз рӯи принсипи омӯзиши "Ҳамсол ба ҳамсол" ҳам дар мактаб ва ба ин васила дар ҷомеа ташкил карда шудаанд.
Форуми бачагонаи "Оби тоза", муоинаи тиббии хонандагон, гузаронида шуда, озмунҳои гуногун (барои беҳтарин иншо, беҳтарин саҳнача, беҳтарин шеър, хонандаи озода ва ғайра) ташкил карда шуданд, ки онҳо ба тағйирёбии рафтор ва муносибат ба саломатии худ мусоидат менамоянд.
Дар ҷумҳурӣ доимо чорабиниҳои оммавӣ оид ба паст кардани сатҳи истеъмоли маводи зараровар гузаронида мешаванд.
Дар самти солимии репродуктивӣ
Дар давоми солҳои 90 асри гузашта дар ҷумҳурӣ бо дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ кӯшиш ва тадбирҳои зиёд оид ба беҳтарсозии саломатии занон ва кӯдакон, андешида шудаанд. Дар ин сурат, стратегияи беҳтар кардани сифати ҳаёти аҳолӣ, саломатии модарон ва кӯдакон стратегияи беҳтар сохтани солимии репродуктивӣ ва беҳтар гардонидани шароити дастрасӣ оид ба хизматрасониҳои банақшагирии оила мебошад.
Ҳамаи ин лоиҳа ва барномаҳо барои ташаккул ва рушди сиёсат ва стратегия дар соҳаи беҳтарсозии солимии репродуктивӣ саҳми босазо гузоштанд. Дар давоми солҳои 1996-1999 аввалин институтҳои идоракунӣ дар соҳаи нуфуси аҳолӣ ва инкишоф, инчуни институти демографӣ таъсис дода шуданд: Комиссия оид ба масъалаҳои нуфуси аҳолӣ ва инкишоф дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи демографӣ дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар сохтори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии солимии репродуктивӣ, яъне Марказҳои солимии репродуктивии миллӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ созмон дода шуданд. Дар тайёркунӣ ва бозомӯзии кормандони тиб дар соҳаи солимии репродуктивӣ ва истифодаи технологияҳои муосири пешгирии ҳамл дигаргуниҳои зиёд ба амал омада, барномаҳои нави таълимӣ ҷорӣ гаштаанд. Дар деҳот низ бо роҳи омӯзиш ва ҷалб намудани кормандони ёрии тиббии аввал, акушерон, хоҳарони шафқати оилавӣ, кӯмаки пешгирикунандаи ҳамл рушди худро ёфта истодааст. Маълумотнокии аҳолӣ дар бораи солимии репродуктивӣ боло рафта, шумораи истифодабарандагони маводи пешгирии ҳамл афзоиш ёфта истодааст.
Дар самти пешгирии бемориҳои таввасути алоқаи ҷинсӣ гузаранда
Бо сабаби шиддатнокии вазъият оид ба бемориҳои таввасути алоқаи ҷинсӣ гузаранда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 163 Барномаи миллии пешгирӣ ва мубориза алайҳи Вируси норасоии масунияти бадан/Аломати норасоии масунияти бадан ва бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда барои солҳои 1997-1998 ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000 № 516 таҳрири нави Барномаи миллӣ то соли 2007 тасдиқ карда шудааст.
Бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2002 № 2, фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2003 № 97 як қатор санадҳо, аз ҷумла "Дар бораи муоина ва табобати бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда", "Низомнома дар бораи пешгирии ибтидоии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда дар Марказҳои табобатию пешгирӣ", "Дастури муваққатӣ оид ба ҳисобгирии шахсони гирифтори бемориҳои урогениталӣ" ба тасдиқ расиданд, ки барои таҳкими корҳои зиддиэпидемиологӣ оид ба пешгирии кувоки модарзод ва сӯзоки офталмиявӣ, пурзӯр намудани кор бо акушер-гинекологҳо ва урологҳо тавассути гузаронидани семинарҳои муштарак оид ба тарзи дурусти муоинаи бемориҳои таввасути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, пурзӯр сохтани кӯмаки ташкилӣ-методӣ ва маслиҳатӣ ба муассисаҳои касалиҳои пӯст ва зӯҳравии (венерикии) вилоятҳои ҷумҳурӣ равона шуда, барои созмон додани утоқҳои махфӣ дар базаи диспансерӣ бемориҳои пӯст ва венерикии шаҳрӣ, ташкили Ассотсиатсияи пизишкони бемориҳои пӯст ва венерикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаҳри Хуҷанд мусоидат намуданд. Дар базаи беморхонаи клиникии шаҳрии № 1, бо дастгирии Ассотсиатсияи пизишкони бемориҳои пӯст ва венерикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1995 лабораторияи иммунологӣ бо усулҳои муосирӣ ташхиси бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда фаъолият мекунад. Мувофиқи фармони Вазорати тандурустӣ аз 22 январи соли 2004 № 317 дар ноҳияҳои таҷрибавӣ: Варзоб, Данғара, Балҷувон, Табошар ва Шаҳристон муолиҷаи бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ҷорӣ карда шудааст. Бо дастгирии молиявии Фонди глобалӣ дар шаҳри Табошар ва ноҳияи Балҷувон шахсони гирифтори бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда бо доруҳои зарурӣ таъмин гардидаанд. Дар базаи кафедраи бемориҳои пӯст ва венерикии Донишкадаи тайёрии баъдидипломии кадрҳои тиббӣ аз соли 2003 барои акушер-гинекологҳо, пизишкони оилавӣ, урологҳо, кормандони тиббии муассисаҳои меҳнатӣ-ислоҳотии № 1 ва № 7 оид ба масъалаҳои ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда семинарҳо гузаронида мешаванд.
Дар самти пешгирии нашъамандӣ ва ВНМО/БНММ
Паҳншавии васеи нашъамандӣ миёни ҷавонони ҷумҳурӣ ба генофонди миллат ва ояндаи давлат хатари бузург дорад. Ҳолати мазкур боиси пешбинӣ намудани як қатор тадбирҳо оид ба пурзӯр намудани мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва нашъамандӣ гардид.
Баҳои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 1996 № 464 "Дар бораи тадбирҳои фаврӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор", аз ҷониби Вазорати тандурустӣ якҷоя бо вазоратҳо ва идораҳои дахлдор Барномаи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо нашъамандӣ, офияти (реабилитатсияи) нашъамандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010" таҳия шуда, моҳи декабри соли 2004 тасдиқ гардидааст.
Паҳншавии босуръати нашъамандӣ дар ҷумҳурии мо сабаби нашр гаштани як қатор дастурҳои методӣ ба монанди "Бармаҳал муайян кардан ва пешгирии нашъамандӣ ва токсикомания байни таълимгирандагони муассисаҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ" (соли 2000) ва "Асосҳои психологии пешгирии нашъамандии наврасон" (соли 2002). Ин дастурҳо барои кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидон ва худи ҷавонон пешбинӣ шудаанд. Соли 2004 дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ аз тарафи мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ бо дастгирии Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ дар чорчӯбаи барномаи "Паст кардани талабот ба маводи нашъадор" бо истифода аз дастурҳои дар боло зикргардида семинарҳо гузаронида шуданд.
Аз тарафи ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ корҳои назаррас гузаронида мешаванд.
Дар ҷумҳурӣ 20 нуқтаи боварӣ барои истеъмолкунандагони маводи нашъадор бо сӯзандору ва 6 утоқҳои боварӣ фаъолият мекунанд, ки аз ҷониби Агентии амрикоӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ ва Фонди глобалӣ дастгири карда мешаванд. Бо мақсади саривақт ошкор кардани шахсони гирифтори ВМНО бо дастгирии Фонди глобалӣ соли 2003 -13 маҷмӯи таҷҳизоти лабораторӣ, тест-система барои муайян намудани шахсони гирифтори ВНМО дастрас гардид. Инчунин кушодани беш аз 10 нуқтаҳои ,бунгоҳҳои боварӣ, барои шахсоне, ки ба хизматрасонии шаҳвонӣ машғуланд ва 15 нуқта барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзоёни оилаи онҳо ва ҷавонони осебпазир ба нақша гирифта шудааст.
Барои таҳкими бартарафсозии эпидемияи ВМНО/БНММ миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналмилалӣ моҳи июни соли 2004 дар бораи ҳамкории минтақавӣ оид ба пешгирии эпидемияи ВМНО/БНММ созишнома ба имзо расид. Меморандум дар бораи ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, ӯзбекистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ, Департамент оид ба корҳои рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Ташкилоти СММ оид ба БМНН ба имзо расид.
Бо дастгирии Барномаи рушди СММ, Хазинаи кӯдакони СММ, Фонди Глобалӣ, Барномаи СММ оид ба БНММ, Фонди БНММ "Шарқ-Ғарб", Агентии амрикоӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ, Бонки умумиҷаҳонӣ, ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ чорабиниҳои пешгирии ВНМО/БНММ гузаронида мешаванд.
Дар ҷумҳурӣ санади меъёрӣ оид ба нигоҳубин ва муолиҷаи беморони ВНМО/БНММ қабул карда шудааст. Назорати эпидемиологии насли дуввум байни гурӯҳҳои осебпазир гузаронида мешавад.
Оид ба иштироки ҷавонон дар ин самт
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2000 № 518 ва 15 июни соли 2003 № 294 Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" мутаносибан барои солҳои 2001-2003 ва солҳои 2004-2006 қабул гаштаанд, ки дар онҳо дастгирии ташаббуси ҷавонон оид ба таблиғ намудани тарзи ҳаёти солим, пешгирии нашъамандӣ, бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ ва паст кардани рафтори хавфнок байни ҷавонон, ки мутобиқи принсипи омӯзиши "Ҳамсол ба ҳамсол" асос ёфтааст, пешбинӣ гардидаанд.
Дар доираи татбиқи зербарномаи "Саломатии ҷавонон"-и Барномаи миллии "Ҷавонони Тоҷикистон" бо қарори Коллегияи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2001 Барномаи таҷрибавии "Ҷавонон муқобили нашъамандӣ ва Вируси норасоии масунияти бадан/Аломати норасоии масунияти бадан" қабул гардидааст. Мақсади асосии ин барнома барои баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии наврасон ва ҷавонон берун аз ҳудудҳои муассисаҳои таълимӣ дар ҷараёни таҳия ва татбиқи барномаҳои пешгирикунандаи иттилоотӣ-таълимӣ дар соҳаи бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, нашъамандӣ ва паст кардани рафторҳои хавфноки ҷавонон мутобиқи принсипи омӯзиши "Ҳамсол ба ҳамсол" равона гаштааст.
Дар доираи татбиқи зербарномаи зикргардида дар давоми соли 2001 дар шаҳрҳои марказии ҷумҳурӣ - Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Кӯлоб маҳфилҳои ихтиёриёни ҷавон созмон дода шуданд, ки вазифаи асосии онҳо тайёр кардани ихтиёриён аз ҳисоби наврасони фаъол барои гузаронидани чорабиниҳои маърифатию таблиғотӣ, семинарҳо, вохӯриҳо, паҳн кардани маводҳо ва пешниҳод намудани маслиҳат аз рӯи принсипи омӯзишии "Ҳамсол ба ҳамсол" оид ба пешгирии нашъамандӣ, ВНМО/БНММ ва паст кардани рафторҳои хавфноки ҷавонон мебошад.
Дар доираи татбиқи Нақшаи амалиёти Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба пешгирии нашъамандӣ ва Вируси норасоии масунияти бадан/Аломати норасоии масунияти бадан барои солҳои 2002-2004" бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ дар панҷ ноҳияҳои водии Рашт маҳфилҳои ихтиёриёни ҷавон созмон дода шуда, 90 нафар ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонон - хонандагони фаъол омӯзонида шудаанд, ки 16 нафари онҳо "тренери бомаҳорат"-ӣ ҷавон мебошанд.
Дар айни замон Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти васеъ намудани шабакаҳои маҳфилҳои ихтиёриёни ҷавон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ давом дорад.
Ба дастгирии Хазинаи нуфуси СММ соли 2002 дар базаи маҳфилҳои ихтиёриёни ҷавон дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд ва Кӯлоб чор Марказҳои захиравии ҷавонон ташкил дода шуданд, ки онҳо бо таҷҳизоти компютерӣ, мебел ва васоити ибтидоӣ барои таълими ихтиёриёни ҷавон таъмин гаштанд. Айни ҳол дар марказҳои зикргардида зиёда аз 80 тренерони ҷавон тайёр карда шуда, 27 ҳазор наврасон бо маълумоти зарурӣ фаро гирифта шудаанд. Тайёр ва омӯзонидани ихтиёриён оид ба тарзи ҳаёти солим ва солимии репродуктивии ҷавонон давом дорад. Ин марказҳо ҳоло ба Марказҳои иттилоотии ҷавон табдил дода шудаанд, ки самти асосии фаъолияти онҳо рушди пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, истеъмоли маводи нашъадор ва паст кардани рафтори хавфноки ҷавонон аз рӯи принсипи омӯзиши "Ҳамсол ба ҳамсол" мебошад.
Оид ба малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатӣ
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи олимаҳои Тоҷикистон бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ воситаи таълимии омӯзиши малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатиро барои ихтиёриён аз ҳисоби наврасон, бо истифода аз усули таълимии "Ҳамсол ба ҳамсол" дар 25 мактаби вилояти Суғд ҷорӣ карда истодааст.
Маркази ҷумҳуриявии иттилооот ва тамоюли ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон бо дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ дар доираи татбиқи Хизматрасонии хайрхоҳона барои ҷавонон дар системаи маориф, дар 20 мактаби миёнаи таҷрибавии шаҳри Душанбе маҳфилҳои ихтиёриёни ҷавонро созмон додааст, ки дар самти пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, нашъамандӣ ва паст кардани рафтори хавфноки ҷавонон аз рӯи принсипи омӯзиши "Ҳамсол ба ҳамсол" фаъолият менамоянд.
Бо дастгирии Хазинаи Оғохон дар мактаби миёнаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 номгӯи китобҳо оид ба тарзи ҳаёти солим таҳия ва ба хонандагон дастрас шуда истодаанд.
Дар 60 навоҳии таҷрибавии ҷумҳурӣ корҳои озмоишӣ оид ба ҷорӣ намудани китоби "Тарзи ҳаёти солим" гузаронида шуданд ва ҳоло барои такмили он корҳои тадқиқотӣ давом доранд.
V. Амалиёти афзалиятнок дар ҳамкории байнисоҳавии сиёсати давлати дар доираи татбиқи Барнома
Вазифаҳо дар доираи ҳамкории байнисоҳавӣ:
1. Таъсис додани Комиссияи ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳо ва идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ оид ба рушди саломатии ҷавонон, бо назардошти пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, истеъмоли маводи нашъадор ва паст намудани рафтори номатлуб байни ҷавонон.
2. Таҳияи Стратегия бо ӯҳдадориҳои байнисоҳавӣ дар самти рушди саломатии ҷавонон барои пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, истеъмоли маводи нашъадор ва паст кардани рафтори номатлуб байни ҷавонон.
3. Таҳия ва татбиқи усулҳои нави манфиатнок ва мутобиқ ба талаботи ҷомеаи муосир оид ба рушди саломии ҷавонон дар самти тағйир додани рафтор оид ба тарзи ҳаёти солим, паст кардани хавфи гирифтор шудан ба бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ ва нашъамандӣ.
4. Муттаҳид сохтани ҷанбаҳои гендерӣ дар стратегияи нигаҳдории саломатии ҷавонон дар соҳаи солимии репродуктивӣ, пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, нашъамандӣ ва паст кардани рафтори номатлуб байни ҷавонон.
5. Рушди усулҳои ҳамгироӣ дар самти татбиқи барномаҳое, ки ба рушди саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва иштироки ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони гурӯҳи осебпазир равона гаштаанд.
6. Дастгирии сарварӣ дар татбиқи барномаи байнисоҳавии рушди саломатии ҷавонон дар самти пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, истеъмоли маводи зараровар ва паст кардани рафтори номатлуб байни ҷавонон.
7. Мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии тарзи ҳаёти солим дар соҳаи солимии репродуктивӣ, пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ ва истеъмоли маводи зараровар, паст кардани рафтори номатлуб дар байни ҷавонон бо назардошти хусусиятҳои синнусолӣ, масъалаҳои гендерӣ барои ҷавонон.
8. Мусоидат ба таҳкими нерӯи кадрии вазоратҳо ва идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, ҳамчунин духтурони наврасон оид ба рушди саломатии ҷавонон барои пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, нашъамандӣ ва паст кардани рафтори номатлуб байни ҷавонон.
9. Рушди барномаҳои махсус барои гурӯҳҳои осебпазир, ки ба паст кардани хавфи бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ ва нашъамандӣ равона шудаанд.
10. Рушди ташаббуси принсипи омӯзиши ,Ҳамсол ба ҳамсол, бо мақсади таҳкими имкониятҳои ҷавонон ҷиҳати дастрасии хизматрасонии хайрхоҳона барои ҷавонон ва амалигардонии самарабахши барномаҳо, инчунин сертификатсиякунонии ҳатмии тренерон.
11. Таҳия ва тарғиби усулҳои нав дар оила ва ҷомеа, ки барои беҳтарсозии малакаҳои тарбия ва рушди ҷавонон равона карда шудаанд.
12. Рушди хизматрасонии босифати дастрас барои ҷавонон дар муассисаҳои иҷтимоию тиббӣ, махсусан дар деҳот ва байни гурӯҳҳои ҷавонони махсусан осебпазир.
13. Таъсис ва рушди хадамоте, ки барои ҷавонон хизмати хайрхоҳона дар самти пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, нашъамандӣ ва паст кардани рафтори номатлуб байни ҷавонон, аз ҷумла миёни гурӯҳҳои ҷавонони махсусан осебпазир бо принсипи омӯзиши "Ҳамсол ба ҳамсол" мерасонанд.
14. Таъсиси бонки иттилоотӣ бо мақсади такмили системаи дастрас намудани иттилоот дар бораи проблемаҳои иҷтимоии ҷавонон дар ҷомеа (тандурустӣ, имконият ба таҳсил, ҷанбаҳои гендерӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ) дар заминаи марказҳои иттилоотии ҷавонон якҷоя бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла ҳуҷраҳои хизматрасонии тиббӣ ба наврасон.
15. Ташкил ва рушди шабакаи хизматрасонии хайрхоҳона барои ҷавонон, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ, аз ҷумла бо духтурони наврасон дар заминаи сохторҳои дахлдор.
16. Рушди дастрасии ҷавонон ба иттилооти воқеӣ ва пурра дар бораи Конвенсия "Оид ба ҳуқуқи кӯдак" ва тарзи ҳаёти солим ҷиҳати пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, нашъамандӣ ва паст кардани рафтори номатлуб байни ҷавонон.
17. Таҳкими ҳамкорӣ ва ташаккули механизми ҳамоҳангсозӣ ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ дар самти рушди саломатии ҷавонон, бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, нашъамандӣ ва паст кардани рафтори номатлуб байни ҷавонон.
18. Таҳияи механизми устувори маблағгузории барномаҳо бо назардошти имкониятҳои ташкилотҳои донорӣ (ташкилотҳои байналмилалӣ).
19. Гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии доимии татбиқи барномаи байнисоҳавии рушди саломатии ҷавонон дар самти пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, нашъамандӣ ва паст кардани рафтори номатлуб байни ҷавонон.
20. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои дахлдор ба роҳ мондани таблиғ ва тафсир ба воситаи намоиш додани филмҳо, ташкил кардани вохӯриҳо ва чопи маводи иттилоотӣ нисбат ба рушди тарзи ҳаёти солими ҷавонон.
VI. Механизми амалигардонии Барнома
* Ҷадвал оварда намешавад
VII. Маблағгузорӣ ва ҳамоҳангсозии ҷараёни татбиқи Барнома
Маблағгузории Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбининамудаи вазорату идораҳо ва сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ мегардад. Ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои байналмилалии донор дар доираи татбиқи Барномаи мазкур дар асос ва принсипи ҳамкории ихтиёрӣ сурат мегирад.
Ҳамоҳангсозии Барнома дар сатҳи миллӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Бо мақсади ҳамоҳангсозии самараноки ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур дар назди Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи ҳамоҳангсози байнисоҳавӣ оид ба рушди хизматрасонии хайрхоҳона ба ҷавонон дар соҳаи саломатӣ таъсис дода мешавад. Низомнома ва ҳайати Комиссия бо қарори ҳайати Мушовараи Кумита тасдиқ мегардад.
Ҳамоҳангсозии татбиқи Барнома дар сатҳи маҳал аз ҷониби сохторҳои кор бо ҷавонон, ки доир ба интихоб ва тасҳеҳи стратегияи маҳаллӣ вобаста ба шароитҳои маҳал қарор қабул мекунанд, амалӣ мегардад.
Иҷрокунандагон ва сохторҳои мусоидаткунанда, ки бевосита татбиқи Барномаро амалӣ менамоянд ба унвони Комиссияи ҳамоҳангсози байнисоҳавӣ оид ба рушди хизматрасонии хайрхоҳона ба ҷавонон дар соҳаи саломатӣ на камтар аз як маротиба дар як сол ҳисобот медиҳанд.
VIII. Натиқаҳои пешбинишаанда
Сиёсати миллӣ оид ба таъсис ва рушди хизматрасонии хайрхоҳона ба ҷавонон бунёд ёфта, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда аз нав баррасӣ шуданд, шароитҳои зарурӣ барои ҷори намудани хизматрасониҳои хайрхоҳона нисбат ба ҷавонон дар шабакаи хизматронии солимии репродуктивӣ, пешгирии бемориҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ВНМО/БНММ, нашъамандӣ ва паст кардани рафтори хавфнок дар сатҳи ёрии аввалаи тиббӣ-санитарӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, бунгоҳҳо барои муҳоҷирон ва даъватшудагон ба сафи артиш барои самаранок гузаронидани комиссияи тиббии бақайдгирӣ ва комиссияи даъвати ҳарбӣ, сохторҳои кор бо ҷавонон ва муассисаҳои ислоҳию меҳнатӣ фароҳам оварда шуд. Нақшаи стратегии амалигардонии хизматрасонии хайрхоҳона барои ҷавонон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд:
- азнавсозии сохтори муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ба ҷавонон дар тамоми бахшҳои саломатӣ хизмат мерасонанд;
- нерӯи кадрӣ дар бахши хизматрасонии хайрхоҳона барои ҷавонон дар вазоратҳо ва идораҳои дахлдор ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ мустаҳкам гардонида шуд;
- 70 фоизи ҷавонон бо муоинаи тиббии пешгирикунанда бо роҳи пешкаш намудани маслиҳати ихтиёрии махфӣ ва санҷиши нисбат ба бемориҳои ба воситаи алоқа ҷинсӣ гузаранда ва ВНМО/БНММ фаро гирифта шуданд;
- 70 фоизи ҷавонон ба хизматрасонии сифатноки махфӣ дастрас мебошад;
- шабакаҳои хадамот, маҳфилҳои ихтиёриёни ҷавон аз ҳисоби духтурони наврасон барои татбиқи барнома аз рӯи принсипи омӯзиши "Ҳамсол ба ҳамсол", ташкил ва устувор гаштанд;
- иштироки фаъолонаи ҷавонон дар таҳия ва татбиқи барномаҳо барои гурӯҳҳои мақсаднок;
- аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи таълимии малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатӣ бо назардошти ҷанбаҳои синнусолӣ ва ҷинсӣ барои муассисаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд;
- мутобиқи барномаи таълимии тасдиқгардида оид ба омӯзиши малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи саломатӣ модулҳо ва дастурҳои таълимиву методӣ таҳия гардид;
- аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва духтурони наврасон нерӯи кадрӣ тайёр карда шуд;
- бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи гурӯҳҳои ҷавонони махсусан осебпазир дар соҳаҳои гуногун заминаи қонунгузорӣ аз нав баррасӣ шуд;
- дар барномаҳои барои паст кардани осебпазирии гурӯҳи ҷавонон нисбат ба нашъамандӣ, бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва ВНМО/БНММ равонашуда, усулҳои якҷояи фаъолият таҳия ва амалӣ гардонида шуд;
- имконияти дастрас барои хизматрасонии хайрхоҳона ба ҷавонон ва маслиҳатрасонии ихтиёрии махфӣ ва санҷишӣ таъмин гардид;
- нерӯи аутрич-кормандон устувор гардид;
- дар таҳия ва амалӣ гардонидани стратегияи коммуникатсионӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ ва тағйир додани рафтори хавфноки ҷавонон равона шудааст, шарики ҳамгироӣ пайдо гашт;
- маркази ҳамоҳангсозии ҷавонон, ки фаъолияти ташкилотҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии ҷавононро дастгирӣ ва ба танзим медарорад, таъсис дода шуд;
- нерӯи сохторҳои гуногун дар самти таҳияи механизмҳои мониториг ва баҳодиҳӣ устувор гардонида шуд;
- бонки иттилоотӣ дар соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, маълумот ва хизматрасонии тиббӣ вобаста ба талаботҳои ҷавонон таъсис дода шуд;
- нишондиҳадаҳои мониторинг ва баҳодиҳии барномаҳое, ки ба рушди саломатии ҷавонон дар самти солимии репродуктивӣ, пешгирии бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ВНМО/БНММ, нашъамандӣ, истеъмоли маводи зараровар ва паст кардани рафтори хавфнок байни ҷавонон равона шудаанд, таҳия гардиданд.
- ташхиси тиббии наврасон ва ҷавонон ҳангоми гузаронидани комиссияи тибқи бақайдгирӣ ва комиссияи даъвати ҳарбӣ, беҳтар гардонида шуд.