ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ РЕПРОДУКТИВӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 699)
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1201)
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1201)
Қонуни мазкур асос ва тартиби танзими муносибатҳоро дар соҳаи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви, ки аз эътироф намудани ҳуқуқҳои зану мард бобати доштани маълумот ва дастрас будани усулҳои бехатар, босамар, муносиб ва қобили қабули танзими оила ва таваллуди фарзанд, пешгирии бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинси гузаранда ва дигар муносибатҳои ба он алоқамандро муайян мекунад.
Қонун ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барои дахлнопазирии ҳаёти шахси сирри шахсию оилави нигаронида шуда, амали намудани онҳоро кафолат медиҳад.
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви
Қонунгузори дар бораи солимии репродуктиви ва ҳуқуқҳои репродуктиви ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ефта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳоли", ҳамин Қонун, санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асоси
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зёрин истифода бурда мешаванд:
Репродуктиви (репродуксия) - худтакроркуни, бозтакроркуни. Системаи репродуктиви - маҷмӯи узвҳое мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба таъмини ҷараёни репродуктиви равона карда шудааст (узвҳои ҷинси, мағзи cap, узвҳои ғадуди).
Солимии репродуктиви - ҳолати беҳбуди комили ҷисмони, рӯҳи ва иҷтимоиест вобаста ба ҳамаи масъалаҳое, ки ба системаи репродуктиви ва фаъолияту ҷараёни он алоқаманданд.
Солимии репродуктиви ба саломатии инсон дар синну соли баъди репродуктиви низ, чи барои занон ва чи барои мардон, мусоидат менамояд.
...