ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Буҷети давлатиИ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003
Моддаи 1. Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003 аз рӯи даромад ба маблағи 637018 ҳаз. сомони ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 655018 ҳаз. сомони бо барзиёдии хароҷот нисбат ба даромад ба маблағи 18000 ҳаз. сомони тасдиқ карда шавад.
Андозаи ниҳоии касри Буҷети давлати барои соли 2003 ба маблағи 18000 ҳаз. сомони ё 0,5 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохили муқаррар карда шавад. Манбаи пӯшондани касри буҷет ба таври зайл муайян карда шавад:
- даромад аз хусусигардонии моликияти давлати - 7500 ҳаз. сомони;
- аз фурӯши векселҳои хазинадори - 2200 ҳаз. сомони;
- қарзи Бонки умумиҷахони - 8300 ҳаз. сомони
Нишондиҳандаи васеи касри буҷет бо назардошти маблағгузории беруни аз рӯи Барномаи сармоягузории давлати барои соли 2003 ба маблағи 123 000 ҳаз. сомони, ё ки 3,4 фоиз нисбати Маҷмӯи Маҳсулоти Дохили муқаррар карда шавад.
Маблағгузории пардохти қарзи асосии берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хаҷми 150886 ҳаз. сомони аз ҳисоби қарзҳои Бонки умумиҷаҳони, Бонки Рушди Осиё ва гранти Иттиҳоди Аврупо муайян карда шавад.
Воридот, коркард, фурӯш ва хизматрасонии 25000 (бисту панҷ ҳазор) тонна мазути камсулфат барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди "Маркази гарму барқдиҳии Душанбе", ки Ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тавассути Заводи алюминийи Тоҷикистон ворид менамояд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад (Қонун аз 8.12.2003 № 71).
Моддаи 2. Буҷети ҷумҳурияви барои соли 2003 аз рӯи даромад ба маблағи 427568 ҳаз. сомони ва аз рӯи хароҷот ба маблағи 445568 ҳаз. сомони ва касри он ба маблағи 18000 ҳаз. сомони тасдиқ карда шавад.
Моддаи 3. Буҷети Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003 аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи 95000 ҳаз. сомони тасдиқ карда шавад.
Моддаи 4. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2003 ба буҷети ҷумхурияви андоз ва даромадҳои ғайриандозии зерин ворид карда мешаванд:
- андоз аз фурӯш - 100 фоиз;
- боҷҳои гумруки ва дигар пардохтҳои гумруки - 100 фоиз;
...