Дастурамал дар бораи тартиби рақамгузории андозсупорандагон аз 7 апрели соли 1999, № 141

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 апрели соли 1999 № 141

тасдиқ шудааст

Дастурамал дар бораи тартиби рақамгузории андозсупорандагон

I. Муқаррароти умумӣ

1. Мувофиқи моддаҳои 31 ва 47 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон рақамгузории андозсупорандагон бо мақсади таъмини назорат оид ба дуруст ҳисоб кардан, пурра ва саривақт пардохтани андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет ва ба фондҳои махсуси давлатӣ гузаронида мешавад.

2. Мақомоти андоз дар асоси ахбороте, ки андозсупорандагон ҳангоми бақайдгирии онҳо ва хамчунин ахбороте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамуда аз мақомоти бақайдгиранда, яъне мақомоти дигари давлатӣ, банкҳо ва муассисаҳои дигари кредитӣ дохил мешаванд, андозсупорандагонро рақамгузорӣ менамоянд.

3. Дар мақомоти андоз андозсупоранда, яъне шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ рақамгузорӣ карда мешаванд.

4. Ҳангоми рақамгузорӣ дар мақомоти андоз, ба ҳар як андозсупоранда рақами мушаххаси андозсупоранда дода мешавад, ки дар тамоми худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон он ягона буда, амал мекунад.

Рақами мушаххаси андозсупоранда дар ҳама гуна шакли ариза, декларатсия, мактуби ахборотӣ ва хамчунин дар ҳуҷҷатҳои дигар ва дастурҳои меъёрие, ки тибқи низоми муқарраршуда тасдиқ гардидаанд, бояд қайд карда шавад.

5. Рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон ба системаи ягонаи автоматикунонидшудаи иттилооти коркарди ахбороти хадамоти андоз ва ҳамчунин ба дафтари қайди давлатии андозсупорандагон дохил карда мешаванд.

6. Бо мақсади таъмини пуррагии рақамгузорӣ, эътимоднокии маълумотҳо оид ба андозсупорандагон ва аниқ кардани маълумотҳое, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст, мақомоти андоз, мувофиқи тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупорандагонро метавонад аз нав рақамгузорӣ намояд.

Аз рӯи натиҷаҳои аз нав рақамгузорӣ аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупорандагон рақами кӯҳна бо рақами нав иваз карда мешавад.

7. Ҳангоми рақамгузорӣ мақомоти андоз аз маълумотҳои чунин ашхос истифода мебарад:

- андозсупорандагон;

- мақомоти давлатии бақайдгиранда;

- мақомотҳои давлатие, ки литсензияҳои барои ба амал овардани фаъолиятҳои алоҳида медиҳанд;

- кумитаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ оид ба захираҳо ва тақсимоти замин ва ғайраҳо;

- бонкҳо ва дигар ташкилотҳо (аз ҷумла аз дигар давлатҳо).

8. Ҳангоми рақамгузорӣ мақомоти андоз вазифадор аст, ки ба андозсупоранда доир ба тарзи навшитани ариза ва варақаҳо, ки дар Дастурамали мазкур оварда шудаанд, дастурҳо расонида, ба вай кӯмаки амалӣ расонад.

9. Истифодабарии варақахое, ки мутобиқи ин Дастурамал пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

10. Мақомоти аидози дахлдор ва андозсупорандагон ҳангоми рақамгузорӣ ва аз қайд баровардани андозсупорандагон, дар ҳолати саривақт дохил накардани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои рақамгузорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

II. Тартиби ракамгузорӣ ба андозсупорандагон

11. Шахсе (хукукӣ, вокеӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупоранда дониста мешавад, бояд дар мақомоти андоз аз рӯи мавқеи ҷойгиршавиаш ё амалиёташ ба қайд гирифта шуда, рақамгузорӣ карда шавад.

12. Андозсупорандагон вазифадоранд, на дертар аз 10 рӯз пас аз лаҳзаи пайдо шудани ӯҳдадориҳое, ки пардохтани андоз мутобиқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамоянд, аз гузашта рақамгузорӣ шаванд.

13. Андозсупоранда барои бақайдгирӣ ва гирифтани рақами мушаххас дар мақомоти андоз вазифадор аст, ду нусха Ариза-Варақаи бақайдгирии андозсупорандаро (мутобиқи намуна ба замимаи № 1 ба Дастурамали мазкур, дар оянда Ариза-Варақа), нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, нусхаи мактуби иттилоотӣ оид ба додани рамзи ОКПО ва аломатҳои классификатсиони, дигар ҳуҷҷатҳои барои қайди давлатӣ зарурро (барои андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ) пешниҳод намояд.

Мақомоти андоз вазифадор аст, андозсупорандаро бепул бо Ариза-Варақа таъмин намуда, дар навиштани он ба андозсупоранда ёрӣ расонад.

Ариза-Варақа ягона ҳуҷҷати бақайдгирист, ки тавассути он ҳамаи андозсупорандагон ба қайд гирифта мешаванд.

14.Мақомоти андоз бояд на дертар аз 5 рӯзи корӣ баъди пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо аз тарафи андозсупоранда бақайдгирии онро анҷом диҳад.

14.1. Ҳангоми муайян кардани номувофиқатии Ариза-Варақаи пуркардашуда бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва бо дигар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, Ариза-Варақа ба андозсупоранда барои аз нав кор карда баромадан, баргардонида мешавад.

15. Ба андозсупоранда бо додани рақами мушаххаси андозсупоранда, як нусхаи Гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (дар оянда Гувоҳнома) мувофиқи шакли дар замимаи № 2 ба Дастурамали мазкур дода мешавад.

15.1 Ҳангоми аз тарафи андозсупоранда гум кардани нусхаи Гувоҳнома баъди пешниҳоди аризаи хаттӣ ба мақомоти андоз на дертар аз 5 рӯзи корӣ нусхаи нави Гувоҳнома бо навиштаҷоти ,Нусхаи дуюм, дода мешавад.

16. Баъди кушодани суратҳисоб, бонк ё дигар муассисаи кредитӣ ба мақомоти андози дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯзи кушодани суратҳисоб қисми 2-и Мактуби ахборотӣ (замимаи № 3 ба ҳамин Дастурамал) бармегардонад.

17. Ҳуҷҷатҳое, ки дар бандҳои 15, 16 номбар шудаанд, ба сардор ё сармуҳосиби андозсупоранда ва ё худ ба намояндаи ваколатдори вай дода мешаванд.

18. Андозсупорандагон, ки намудҳои алоҳидаи андозро ба буҷетҳои мувофиқ ё фондҳои махсуси давлатӣ аз рӯи мавқеи ҷойгиршавии объекти андоз пардохт мекунанд, бояд дар мақомоти андоз аз рӯи ҷои пардохти андоз ба тариқи зайл ба қайд гирифта шаванд.

Андозсупоранда ба мақомоти андоз аз рӯи ҷои пардохти андоз нусхаи Гувоҳнома дар бобати аз тарафи мақомоти андозе, ки андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, нусхаи низомнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунанда пешниҳод мекунад.

19. Имтиёзи андозсупоранда доир ба пардохти андоз ҳуқуқи озод буданро аз рақамгузорӣ дар мақомоти андоз намедиҳад.

III. Хусусиятҳои рақамгузории андозсупоранда - шахси воқеӣ

20. Андозсупоранда - шахси воқеӣ, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошад, дар мақомоти андоз аз рӯи ҷои зист ба қайд гирифта шуда, рақамгузорӣ карда мешавад. Ҷои зист дар ин маврид ҷоест, ки шаҳрванд он ҷо доимӣ зиндагӣ мекунад.

21. Андозсупоранда - шахси воқеӣ барои гирифтани рақам ба мақомоти андоз Ариза-Варақа, ки дар замимаи № 1 ба Дастурамали мазкур оварда шудааст, пешниҳод менамояд.

22. Мақомоти андоз Ариза-Варақаро таҳлил намуда, ба андозсупоранда оид ба хатогиҳои ошкоршуда хабар медиҳад. Дар ҳолати набудани хатогиҳо ба андозсупоранда рақами мушаххас медиҳад.

IV. Тартиби бекор намудани рақами мушаххаси андозсупоранда

23. Андозсупоранда дар ҳолати барҳам хӯрдан ё қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ бояд дар мӯҳлати 10 рӯз ба мақомоти андозе, ки дар қайди он мебошад, оид ба қабули қарор дар бораи барҳам ёфтанаш ё катъ намудани фаъолияти соҳибкории худ хабар диҳад.

24.Мақомоти андоз Гувоҳномаи андозсупорандаро бозхонда, рақами мушаххаси вайро аз эътибор соқит менамояд.

V. Рақами мушаххаси андозсупоранда

25. Мақомоти андозе, ки андозсупорандаро рақамгузорӣ менамояд, ба вай рақами мушаххаси андозсупоранда медиҳад, ки он нӯҳрақама мебошад:

N N А Х Х Х Х Х С

ки дар ин ҷо:

NN - рамзи мақомоти андозе, ки андозсупорандаро ба қайд гирифтааст;

А - аломати андозсупоранда;

(0-4) - аломати андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ;

(5-9) - аломати андозсупоранда - шахси воқеӣ;

ХХХХХ - рақами тартибии андозсупоранда;

С - рақами назоратӣ аз рӯи алгоритм, ки онро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ҳисоб карда мешавад.

26. Дар мақомоти андози ноҳияҳое, ки компютер надоранд, бақайдгирии андозсупорандагон ва додани рақамҳои мушаххас бо истифодабарии дафтарҳои махсус - Дафтари бақайдгирии андозсупорандагон - шахсони ҳуқуқӣ ва рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон ва Дафтари бақайдгирии андозсупорандагон - шахсони воқеӣ ва рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон мувофиқи намунаи дар замимаи№ 4 ва замимаи № 5-и ҳамин Дастурамал гузаронида мешавад.