Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 апрели соли 1999 № 141
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 апрели соли 1999 № 141
тасдиқ шудааст
Дастурамал дар бораи тартиби рақамгузории андозсупорандагон
I. Муқаррароти умумӣ
1. Мувофиқи моддаҳои 31 ва 47 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон рақамгузории андозсупорандагон бо мақсади таъмини назорат оид ба дуруст ҳисоб кардан, пурра ва саривақт пардохтани андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет ва ба фондҳои махсуси давлатӣ гузаронида мешавад.
2. Мақомоти андоз дар асоси ахбороте, ки андозсупорандагон ҳангоми бақайдгирии онҳо ва хамчунин ахбороте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамуда аз мақомоти бақайдгиранда, яъне мақомоти дигари давлатӣ, банкҳо ва муассисаҳои дигари кредитӣ дохил мешаванд, андозсупорандагонро рақамгузорӣ менамоянд.
3. Дар мақомоти андоз андозсупоранда, яъне шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ рақамгузорӣ карда мешаванд.
4. Ҳангоми рақамгузорӣ дар мақомоти андоз, ба ҳар як андозсупоранда рақами мушаххаси андозсупоранда дода мешавад, ки дар тамоми худуди Ҷумҳурии Тоҷикистон он ягона буда, амал мекунад.
Рақами мушаххаси андозсупоранда дар ҳама гуна шакли ариза, декларатсия, мактуби ахборотӣ ва хамчунин дар ҳуҷҷатҳои дигар ва дастурҳои меъёрие, ки тибқи низоми муқарраршуда тасдиқ гардидаанд, бояд қайд карда шавад.
5. Рақамҳои мушаххаси андозсупорандагон ба системаи ягонаи автоматикунонидшудаи иттилооти коркарди ахбороти хадамоти андоз ва ҳамчунин ба дафтари қайди давлатии андозсупорандагон дохил карда мешаванд.
6. Бо мақсади таъмини пуррагии рақамгузорӣ, эътимоднокии маълумотҳо оид ба андозсупорандагон ва аниқ кардани маълумотҳое, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст, мақомоти андоз, мувофиқи тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупорандагонро метавонад аз нав рақамгузорӣ намояд.
Аз рӯи натиҷаҳои аз нав рақамгузорӣ аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупорандагон рақами кӯҳна бо рақами нав иваз карда мешавад.
...