Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор
Дар бораи тасдиқи либоси расмӣ, аломатҳои фарқкунанда ва меъёрҳои таъминоти кормандони мақомоти андоз бо амволи шайъӣ
Мутобиқи моддаи 98 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Либоси расмии кормандони мақомоти андоз ва меъёрҳои таъминот мутобиқи замимаи №1 ва аломатҳои фарқкунандаи рутбаҳои дараҷавии мақомоти андоз мутобиқи замимаи №2 тасдиқ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,
аз 4 феврали соли 1999, №37
* Замимаи 1
ДАСТУРҲОИ УМУМӢ оид ба татбиқи меъёрҳои таъмини кормандони мақомоти андоз бо амволи шайъӣ
1. Ҳангоми таъмини кормандони мақомоти андоз бо амволи шайъӣ шароити иқлимии ноҳияҳое, ки дар он корманди мақомоти андоз (нозирот) маскан дорад, ба назар гирифта мешавад.
Ба ноҳияҳои кӯҳии иқлимаш хунук мавзеъҳое таалуқ доранд, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҷойгиранд:
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ноҳияҳои Ҷиргатол ва Тавилдара
Вилояти Хатлон Ноҳияҳои Шӯрообод, Мӯъминобод ва Ховалинг
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамаи ноҳияҳо ва шаҳри Хоруғ
Ҳамаи ноҳияҳо ва шаҳрҳои боқимондаи ҷумҳурӣ ба шароити иқлими гарм ва мӯътадил дохил мешаванд.
2. Ҳангоми тағйир ёфтани тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ (барҳам додан, тағйири ном кардан, муттаҳидкунӣ, таъсиси воҳидҳои нави маъмурӣ), меъёри таъминот дар доираи муқаррароти банди 1 Дастурҳои умумии мазкур татбиқ карда мешавад.
3. Мӯҳлати истифодаи амволи шайъӣ як давраи вақти муайянест, ки дар тӯли он амвол бояд ба мақсади муайян мавриди истифода қарор дошта бошад. Мӯҳлати нигоҳ доштани амволи шайъӣ дар амборҳо ба мӯҳлати истифодабарӣ ба ҳисоб гирифта намешавад. Барои амволи шайъии мавсимӣ мӯҳлати истифодабарӣ дар тӯли як мавсим як сол ҳисоб карда мешавад.
4. Амволи шайъӣ аз рӯйи ҳуқуқи истифода ба амволи истифодаи шахсӣ ва таҷҳизот ҷудо карда мешавад.
5. Амволи сару либоси расмӣ бо назардошти номгӯйи матоъ ба кормандони воҳидҳои мақомоти андоз дода мешавад.
6. Амволи шайъии истифодаи шахсие, ки ба кормандони мақомоти андоз дода мешавад, моликияти онҳо ба ҳисоб меравад. Мӯҳлати он аз рӯзи ба ин ҳуқуқ соҳиб шудани корманд барои гирифтани ин ё он ашё ҳисоб карда мешавад.
7. Амволи таҷҳизот моликияти кормандони мақомоти андоз ба ҳисоб рафта, танҳо барои ҳалли вазифаҳои хизматӣ дар вақти корӣ дода мешавад.
Мӯҳлати истифодаи он аз рӯзи барои ба истифода додани ашёҳо ҳисоб карда мешавад.
8. Ҳангоми гум кардани амволи шайъӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз талофӣ карда намешавад, ба ҷуз сабабҳои ба иҷрои ӯҳдадориҳои хизматӣ ё давлатӣ алоқаманданд.
9. Нишонаҳои тафриқа дар як вақт бо ашёҳои сару либоси расмӣ, ки дар онҳо гирифта гаштани ин нишонаҳо пешбинӣ шудааст, дода мешавад. Ғайр аз ин ҳангоми ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаи махсуси мушовири мақомоти андоз, мушовирони мақомоти андоз дараҷаи 1, 2, 3, мушовири калони мақомоти андоз, мушовирони калони мақомоти андоз дараҷаи 1, 2, 3, сармушовири генералии мақомоти андоз бо сару лисоби расмӣ, ки мӯҳлати истифодабариашон дар лаҳзаи додани рутбаи махсус нагузаштааст, нишонаҳои мухталиф: погон, нишонаи латтагин, ситораҳои панҷгӯша дода мешавад.
10. Амволи шайъӣ сифатан аз як намуд иборат аст. Ба дараҷаҳо таалуқ доштани нишонаҳои тафриқаро Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Мувофиқи хоҳиши корманди мақомоти андоз барои иваз намудани як амволи шайъӣ бо дигар ашё, ки дар меъёри таъминот пешбинӣ шудааст, дар доираи арзиши нишон додашуда, иҷозат дода мешавад.
Замимаи 2
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 1999, №37
тасдиқ шудааст
НИШОНАҲОИ тафриқа барои кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нишонаҳои латтагин дар гиребон ва ситораҳои панҷгӯша дар погонҳо ҳамчун нишонаҳои тафриқа хизмат мекунад.
Нишонаҳои латтагин - шашкунҷаҳои ба ҳам баробару мувозӣ аз бахмали кабуду хираи бараш 70 см.
Андоза ва миқдори ситораҳо аз рӯйи погон бояд ба рутбаи махсуси корманди мақомоти андоз мувофиқат кунад.
Барои мушовири генералии мақомоти андоз:
Погон бо таҳи моҳути ранги хира, бо ситораи зарринтоби андозааш 25 мм. як донагӣ дар ҳар погон, бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни қирраҳои ситора се даста шуо ба ҳар тараф равона.
Барои сармушовири мақомоти андоз:
Погон бо таҳи моҳути рангаш хира, бо чор ситораи зарринтоби андозааш 20 мм.
Барои сармушовирони мақомоти андоз дараҷаи 1, 2, 3:
Погон бо таҳи моҳути рангаш хира бо ситораҳои зарринтоби андозааш 20 мм.
Дар ҳар погони сармушовирони мақомоти андоз дараҷаи 1, 2, 3 мутаносибан 3, 2, ва 1 ситора ҷо дода мешавад.
Барои мушовири калони мақомоти андоз:
Погон бо таҳи моҳути рангаш хира бо чор ситораи зарринтоби андозааш 15 мм.
Барои мушовирони калони мақомоти андоз дараҷаи 1, 2, 3:
Погон бо таҳи моҳути рангаш хира бо ситораҳои зарринтоби андозааш 15 мм.
Дар ҳар погони мушовирони калони мақомоти андоз дараҷаи 1, 2, 3 мутаносибан 3, 2, ва 1 ситора ҷо дода мешавад.
Барои мушовири мақомоти андоз:
Погони росткунҷаи қисми болояш секунҷа аз матои сару либос бе ҳошия. Дар қисми болои погон тугмаи заррин ҷо дода мешавад. Дар погонҳои хира аломатҳо ҷо дода мешаванд. Дар қадди ҳар погон аломати бараш 20 мм.
Барои мушовирони мақомоти андоз дараҷаи 1, 2, 3:
Погон барои мушовири мақомоти андоз дараҷаи 1 - се аломати кундаланги бараш 20 мм.
Погон барои мушовирони мақомоти андоз дараҷаи 2 - ду аломати кундаланги бараш 20 мм.
Погон барои мушовири мақомоти андоз дараҷаи 3 - як аломати кундаланги бараш 10 мм.