Дар идораи нотариалии
давлатии ноҳияи
Марказии ш.Душанбе
таҳти №
аз "____"____ с.2000
ба қайд гирифта шуд.
Нотариуси давлатӣ
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳти № 156
аз " 3 " апрели с. 2000
тасдиқ шудааст
ОИННОМАИ РӯЗНОМАИ "НАРОДНАЯ ГАЗЕТА"
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Ҳамин Оиннома асосҳои фаъолияти ташкилӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии идораи рӯзномаи ҷумҳуриявии "НАРОДНАЯ ГАЗЕТА "-ро, ки баъд аз ин Идора номида мешавад, муайян мекунад.
2. Муассиси рӯзнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Идора дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат мекунад.
Идора ҳамчун нашрияи ҷамъиятию сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси азнавсозии идораи рӯзномаи "Коммунист Таджикистана", таъсис дода шудааст.
3. Идора фаьолияти худро дар асоси Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма" ва дигар асноди қонунгузорӣ, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома ба роҳ мемонад.
4. Рӯзнома чун нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони русӣ дар формати "А-2" чоп мешавад.
5. Идора шахси ҳуқуқӣ буда, фаъолияти истеҳсолию хоҷагидории худро дар шароити мустақилияти иқтисодӣ, ҳисоби хоҷагӣ ва дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.
6. Идора дар моликият, тасарруфи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ соҳиби молу мулки ҷудогона буда, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад. Идора дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо, мӯҳр бо тасвири Нишони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ ба забонҳои давлатӣ ва русӣ, штампи бурҷӣ, нишон, аломатҳои нашрӣ ва молӣ дорад.
7. Идора ҳуқуқ дорад, ки аз номи худ шартномаҳо бандад, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.
8. Идора аз нигоҳи касбӣ мустақил аст.
9. Маҳалли ҷойгиршавии Идора - Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ,16
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ
10. Мақсадҳои асосии фаъолияти Идора аз инҳо иборат аст:
тарғиби нуктаҳои Конститутсия дар бораи он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, сиёсати он ба фароҳам оварадани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон, талқини ғояҳои ваҳдати миллӣ волоияти арзишҳои умумибашарӣ, демократия, сулҳ ва инсондӯстӣ равона карда шудааст;
мусоидат ба равандҳои солими сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии халқҳои Тоҷикистон дар асоси эҳтироми ҳуқуқ ва озодии шахсият, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳукуқи байналхалқӣ муайян намудаанд;
мусоидат ба рушди илму фарҳанг, пойдор намуданн ғояҳои дӯстӣ ва ҳамкории тамоми миллат ва халқиятҳо дар ҷамъият, муттаҳидӣ ва ризоияти шаҳрвандӣ дар кишвар;
ҳамкории конструктивӣ бо тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.
11. Мувофиқи ҳамин мақсадҳо Идора вазифаҳои зеринро ба ҷо меорад:
а) таъмини интишори фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини ҳатмии интишори хабарҳои расмии онҳо;
б) нашри мақолаву асарҳо ва дигар маводи чопӣ, ки барои ташвиқоту тарғиботи фаъолияти Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ҳуқуқу вазифаҳои конститутсионии онҳо равона карда шудаанд;
в) ба роҳ мондани фаъолияти ноширӣ;
г) дар асоси тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ба амал баровардани фаъолияти рекламавию иттилоотӣ;
д) машғул шудан ба навъҳои дигари фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
е) ба роҳ мондани муносибатҳои шартномавӣ бо дигар муассисаю ташкилотҳо ва ба ҷо овардани дигар муомилот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст;
ё) амали сохтани фаъолияти намояндагӣ ва миёнаравӣ дар соҳаи дифоъ аз ҳуқуқи муаллифон;
ж) иштирок дар ассотсиатсияҳо, ширкатҳо ва дигар ташкилотҳо бо мақсади татбиқи фаъолиятҳои истеҳсолию хоҷагидорӣ ва ғайра:
з) кушодани намояндагии рӯзноманигорони худ дар назди ташкилотҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ризоияти онҳо.
3. НАШРИЁТ
12. Муносибатҳои истеҳсолӣ, молумулкиву молиявии Идора бо нашриёт дар доираи қонунҳо ва шартнома танзим мегарданд.
4. ФАЪОЛИЯТИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА МОЛИЯВӢ
13. Асоси фаъолияти иқтисодии Идораро маблағҳои буҷетӣ, ки Муассис ҷудо мекунад, даромадҳое, ки аз фурӯши чаканаи тиражи рӯзнома ва обуна, фаъолияти рекламавию ноширӣ ва навъҳои дигари он, инчунин аз мадади хайрия ба даст омада ташкил медиҳанд.
14. Идора аз рӯи зарурияти истеҳсолӣ метавонад муассисаю бахшҳои худро созмон диҳад, ба навъҳои дигари фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ дар соҳаи иттилооти нашрӣ, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, машғул гардад.
15. Идора ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи қонунгузории амалкунанда фаъолияти иқтисодии хориҷиро ба роҳ монад, тиражи рӯзнома, ҳамчунин нашрияҳои худ ва дигар маҳсулоти нашриро дар хориҷа паҳн намояд, эълону рекламаҳои ширкатҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷиро барои нашр қабул кунад ва муомилоти дигарро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома мухолиф нестанд, ба ҷо орад.
5. СОХТОРИ ИДОРА
16. Фаъолияти Идора мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома амалӣ карда мешавад. Идора сохтори ташкиливу ҳуқуқии мақомоти идоракунанда ва хароҷотҳои барои таъминоти онҳо заруриро мустақилона муайян менамояд.
Идораро сармуҳаррир, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, сарварӣ мекунад.
17. Мақомоти идоракунандаи машваратии Идора ҳайати таҳририя мебошад, ки ба он сармуҳаррир ва муовинони ӯ (аз рӯи вазифа), котиби масъул, роҳбарони зерсохторҳо ва дигар кормандони масъул дохил мешаванд.
Руйхати ҳайати шахсии таҳририя бо пешниҳоди сармуҳаррири рӯзнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
18. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
сармуҳаррирро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
Оинномаи Идораро тасдиқ ва дар ҳолати зарурӣ ба он тағйирот ворид мекунад;
Идораро аз ҷиҳати маънавӣ ва моддӣ дастгирӣ мекунад;
масъалаҳои барҳамдиҳӣ ва табдилдиҳии Идораро ҳал мекунад.
бо пешниҳоди сармуҳаррир муовини якум, муовинони сармуҳаррирро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
ҳадди аксари шумораи кормандони Идораро тасдиқ ва андозаи маблағҷудокуниро барои таъминоти онҳо муқаррар менамояд;
аъзоёни ҳайати таҳририяи Идораро тасдиқ ва аз иҷрои вазифа озод мекунад;
мувофиқи сметаи пешниҳодшуда Идораро аз ҷиҳати молиявию моддӣ дастгирӣ ва бо нақлиёту бинои корӣ таъмин мекунад.
19. Ҳайати таҳририя:
оид ба ворид намудани тағйирот ба Оиннома таклифҳо пешниҳод мекунад;
дар бобати пеш бурдани фаъолияти эҷодии Идора қарорҳо қабул мекунад;
бо таклифи сармуҳаррир масъалаҳои ҳақгузории меҳнати кормандон, реҷаи кор, таъмини иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии аъзоёни ҷомеаи меҳнатиро баррасӣ менамояд;
шаклҳои нави чопи маводро дар саҳифаҳои рӯзнома ҷустуҷӯ мекунад;
оид ба бетаъхир чоп шудан ва ба фурӯш баровардани рӯзнома чораҳои иловагӣ меандешад.
Қарорҳои ҳайати таҳририя бо фармони сармуҳаррир ба расмият дароварда мешаванд.
20. Сармуҳаррир:
бе ваколатнома аз номи Идора баромад намуда, манфиатҳои онро дар муносибат бо Муассис, ношир, муаллифон, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дигар созмонҳои шаҳрвандон ва худи шаҳрвандон, инчунин дар суд ҳимоя мекунад, молу мулкашро идора менамояд, қарордодҳо (муоҳидаҳо), аз он ҷумла шартномаҳои меҳнатӣ мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, дар бонкҳо суратҳисоб ва дигар ҳисобҳо мекушояд, аз ҳуқуқи идоракунии маблағҳо истифода мебарад, штатҳоро тасдиқ менамояд, фармонҳо мебарорад ва нишондодҳои барои кулли кормандони Идора ҳатмиро медиҳад;
ба кори ҳайати таҳририя ва фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони Идора роҳбарӣ мекунад;
иҷрои нақшаҳои ҷориву дурнамо, ҳамчунин қарорҳои ҳайати таҳририяро таъмин месозад;
мувофиқи тартиби дар қонун муайяншуда кормандони Идораро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
дар назди Муассис нисбати натиҷаҳои фаъолияти Идора ҷавобгӯ аст;
дар якҷоягӣ бо ҳайати таҳририя меъёрҳои қонунгузории амалкунандаро ба роҳбарӣ гирифта, масъалаҳои ҳақгузорӣ кардани меҳнати кормандон, реҷаи кор, таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоии кормандонро ҳаллу фасл менамояд.
6. ДАРОВАРДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ОИННОМА. ҚАТЪ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ИДОРА
21. Тағйироту иловаҳо ба ҳамин Оиннома айнан бо тартиби қабули он ворид карда мешаванд.
Мувофиқи Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна тағйироти ба Оиннома воридгардида аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ барои ашхоси сеюм эътибор пайдо менамоянд.
22. Қарор дар бораи қатъ кардани фаъолияти Идора мувофиқи тартиби дар қонун муайянгардида қабул карда мешавад.