Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 октябри соли 2002 № 397
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 октябри соли 2002 № 397
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби анҷом додани тиҷорати наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с. № 47, аз 01.10.2008с. № 498)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с. № 47, аз 01.10.2008с. № 498)
Ин Низомнома мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар барои танзими давлатии фаъолияти тиҷорати хориҷӣ" таҳия гардида, асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии таъсиси нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадиро муайян мекунад.
Муқаррароти умумӣ
1. Нуқтаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои васеъ намудани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар асоси манфиати муттақобила, рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯтонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя таъин гардидааст.
2. Нуқтаи тиҷоратии наздисарҳадӣ - минтақаи махсус ҷудокардашудае мебошад, ки бевосита дар назди сарҳади давлатӣ воқеъ буда, дорои маҷмӯи биноҳо ва иншоотест, ки бо воситаҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он ҷо байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлати ҳамҳудуд аз рӯи "Номгӯи молҳое, ки барои савдои наздисарҳадӣ муқарар шудаанд" ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро тасдиқ кардааст, тиҷорат анҷом дода мешавад.
Нуқтаи тиҷорати наздисарҳадӣ, чун қоида дар маҳали расмии гузаргоҳи сарҳади давлатӣ таъсис дода мешавад. Қарор оид ба кушодани нуқтаи тиҷоратии наздисарҳадӣ дар минтақаи гузаргоҳи оддикардашудаи сарҳади давлатӣ дар мавридҳои истисно қабул карда мешавад.
Дар нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ метавонанд барои борҳо (анборҳои муваққатии нигаҳдории борҳо ва ғайра) биноҳои иловагӣ сохта шаванд.
3. Бо мақсади татбиқи ин Низомнома мақомоти салоҳиятноки ҳарду ҷониб метавонанд протоколҳоеро имзо намоянд, ки номгуи молҳои барои фурӯши тиҷорати назди сарҳади тааллуқдоштаро пешбинӣ намоянд.
...