Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2002 № 391
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 октябри соли 2002 № 391
тасдиқ шудааст
Низомномаи Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Сарраёсати байторӣ) системаи ягонаи мақомоти идораи давлатиест, ки кори байториро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, назорат, ҳамоҳанг ва тафтиш намуда, дар соҳаи байторӣ сиёсати ягонаи давлатиро татбиқ менамояд.
2. Сарраёсати байторӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кори байторӣ" таъсис ёфта, дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Иҷрои санадҳои меъёрии мақомоти Сарраёсати байторӣ барои тамоми мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳатмӣ мебошад.
4. Сарраёсати байторӣ бевосита аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад.
II. Вазифаҳо ва функсияҳои Сарраёсати байторӣ
5. Вазифаи асосии Сарраёсати байтори ҷорӣ намудани сиёсати давлати дар сохаи байторӣ мебошад.
6. Сарраёсати байторӣ назорат ва тафтиши корҳои зеринро амалӣ менамояд:
...