ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи эҳё ва рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бешкенти вилояти Хатлон барои солҳои 2003-2007
Бо мақсади эҳё ва рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бешкенти вилояти Хатлон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи замимагардидаи эҳё ва рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Бешкенти вилояти Хатлон барои солҳои 2003-2007 тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои ҳарсолаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои татбиқи чорабиниҳои пешбининамудаи ҳамин қарор ҷудо намуданн маблағҳоро ба нақша гиранд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ҳукуматҳои вилояти Хатлон ва ноҳияи Бешкент бо тартиби муқарраргардида пешниҳодҳоро бо лоиҳаи қарор оид ба масъалаҳои вобаста ба пардохти қарзҳо ба хоҷагиҳои ноҳияи Бешкент барои маҳсулоти пахтаи дар солҳои 1991-1996 фурӯхташуда баррасӣ карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намояд.
4. Аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Агроинвестбонк" хоҳиш карда шавад, ки ба хоҷагиҳои ноҳияи Бешкенти вилояти Хатлон бо шарти бозгардонии воқеии маблағҳои ҷудошаванда кӯмаки қарзӣ расонад.
5. Роҳбарони вазоратҳо, идораҳо, раисони вилояти Хатлон ва ноҳияи Бешкент иҷрои масъалаҳои пешбинигардидаро таҳти назорати махсус гиранд ва ҳар нимсола доир ба корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 сентябри соли 2002 № 362
ш. Душанбе
аз 5 сентябри соли 2002 № 362
ш. Душанбе
...