Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 январи соли 2001 № 450 "Дар бораи ташкили Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идораи он (замима шудаанд) тасдиқ карда шавад.
2. Теъдоди кормандони Дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 нафар (бо ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
Ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини раис, аз ҷумла муовинн аввал ва 7 нафар узви ҳайати мушовара дошта бошад.
Ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити 5 адад мошини сабукрави хизматӣ муқаррар карда шавад.
3. Маблағгузории Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ анҷом дода шавад.
4. Санадҳои зерин беэътибор дониста шаванд:
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1995 № 198 "Масъалаҳои Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон";
қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1995 № 428 "Дар бораи тасдиқ, намудани Низомномаи Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 14 феврали соли 2001 № 74
ш. Душанбе