Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи арзиши коғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда барои иҷрои амалиётҳои нотариалӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.08.2008с. № 441)
Оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баъзе тадбирҳои такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 29 декабри соли 1996 № 632 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1997 № 83 "Дар бораи чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 1996 № 632 "Дар бораи баъзе тадбирҳои такмили фаъолияти идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Арзиши як адад қоғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда барои иҷрои амалиёти нотариалӣ ба андозаи 1,5 доллари ШМА бо пули миллӣ аз рӯи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт муқаррар карда шавад, ки аз он ба марҷаъҳои зерин ҳиссаҳо интиқол карда шавад:
- ба суратҳисоби махсуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,0 доллари ШМА
- ба буҷети ҷумҳуриявӣ 0,5 доллари ШМА барои як қоғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда ().
2.Муқаррар карда шавад, ки арзиши коғази дорои нишони дараҷаи ҳифзаш муқарраршуда ҳангоми иҷрои амалиёти нотариалӣ ситонида шавад. Ҳисобу китоб бо арзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мизони муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи иҷрои амалиёти нотариалӣ сурат мегирад.
3.Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва шартҳо аз пардохти арзиши коғазҳои дорои нишони дараҷаи ҳифзашон муқарраршуда қисман ё пурра озод кардани шаҳрвандони алоҳидаро (мувофиқи Низомнома) муайян намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 декабри соли 2001 № 553
ш. Душанбе