Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 июни соли 2002 № 245
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 июни соли 2002 № 245
тасдиқ шудааст
Тартиби воридот ва содироти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.Ин Тартиб мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" таҳия шуда, тартиби гирифтанн иҷозатномаи воридот ва содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ашёи хоми доруворӣ (пайдоишашон минералӣ, растанигӣ, ҳайвонӣ ва кимёвӣ)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2.Ин Тартиб ба фаъолияте, ки ба муомилоти маводи дорувории нашъаовар, психотропӣ ва прекурсорҳо алоқаманд аст, дахл надорад.
3.Воридот ва содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ашёи хоми доруворӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд, ба ғайр аз мавриде, ки дар банди 4 ҳамин тартиб баён карда шудааст, манъ мебошад.
4.Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳангоми офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва вогирии (эпидемияи) бемориҳои сирояткунанда барои воридоти доруворӣ ва молҳои тиббии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда, иҷозатномаи якдафъагӣ диҳад.
5.Ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ва аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани миқдори маҳдуди доруворӣ, ки ҳаҷми онро Вазорати Ҷумхурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, новобаста ба бақайдгирии давлатии онҳо, барои истифодаи шахсӣ бо мақсадҳои тиббӣ ва ғайритиҷоратӣ пешбинишуда, иҷозат дода мешавад:
-барои истифодаи шахсӣ ба шахсони воқеъие, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд;
-ба кормандони ҳайати дипломатӣ ё намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд;
-барои муолиҷаи мусофирони воситаҳои нақлиёте, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд:
...