Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор
Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҶТ дар соли 2001 ва вазифаҳо дар соли 2002
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамояд, ки соли 2001 дар доираи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ татбиқи чорабиниҳо оид ба дигаргунсозиҳои сохтории иқтисодиёт, такмили соҳаҳои пулию кредитӣ, андоз ва буҷет, системаи идораи давлатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ идома дошт.
Дар натиҷа дар соли 2001 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 2512.1 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 10,2% афзуд, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 14,8%-ро ташкил дод. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани истеҳсоли пахта, сабзавот, шир, тухм, пашм ва пилла 11.0% афзуд. Маблағгузории асосӣ аз ҳисоби тамоми манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 155,3 млн. сомонӣ иҷро гардида, дар ҳаҷми 152,9 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки нисбат ба соли гузашта ду маротиба зиёд мебошад: Чунин объектҳо, ба монанди кони конденсати гази Хоҷасартез, сарбандҳои муҳофизатӣ дар дарёи Панҷ дар ноҳияи Москва, хати интиқоли гази Қизилтумшук дар ноҳияи Колхозобод, навбати аввали фурӯдгоҳ дар шаҳри Кӯлоб ва ғайра ба истифода дода шуданд. Дар маҷмӯъ 110,6 ҳазор метри мураббаъ хонаи истикоматӣ ба истифода дода шуд.
Муомилоти савдои хориҷӣ 1333,9 млн. долари ШМА ё нисбат ба соли гузашта 91%-ро ташкил дод. Муомилоти савдои хориҷӣ бинобар дар бозори ҷаҳонӣ афтидани нархҳои алюминий ва нахи пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии кишвар мебошанд, паст гардид. Содирот 651,5 млн. доллари ШМА ва воридот 682,4 млн. доллари ШМА-ро, бо салдои манфии баланси савдо ба маблағи 30,9 млн. доллари ШМА.
Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавии пул дар бахши истеъмолӣ 1,04%-ро ташкил дод. Музди миёнаи моҳона бо ифодаи воқеӣ 13,8% афзуд.
Дар соли 2001 қисми даромади буҷети давлатӣ 107.8% иҷро гардид, ба буҷет 381,1 млн. сомонӣ ворид шуд. Вале аз рӯи 4 намуди андоз аз 17 намуд супоришҳои солона дар ҳаҷми пурра иҷро нагардиданд, аз ҷумла андози замин аз шахсони хуқуқӣ 980.4 хаз. сомонӣ, андоз аз фурӯш
19.8 млн. сомонӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилӣ (беруна) - 1.2 млн. сомонӣ, аксизҳо - 888,1 хаз. сомонӣ.
Дар соли 2001 қисми хароҷоти буҷети давлатӣ 379.8 млн. сомонӣ ё 102,0% сатҳи хароҷоти нақшавии аниқгардидаро ташкил дода, зимнан маблағгузории пурраи чорабиниҳои пешбинигардида таъмин нагардид ва маблағгузории чорабиниҳои алоҳида номутаносиб анҷом дода шуд.
Ба вазъи иқтисодии кишвар омилҳое, ки дар тӯли соли 2001 ҷараён доштанд, ба монанди кӯҳнащавии фондҳои асосӣ, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулоти истеҳсолшаванда, нарасидани қувваи кории баландихтисос дар соҳаҳои гуногун, сатҳи пасти тарбияи кадрҳои роҳбарӣ таъсири манфӣ расониданд. Дар соҳаи ислоҳоти бахши аграрӣ камбудиҳои назаррас мавҷуданд. Дар натиҷаи иҷрои нодуруст, дар ҳолатҳои алоҳида бошад, инчунин аз сабаби бефаъолиятии вазорату идораҳои масъул як қатор нишондиҳандаҳои муҳими барномаҳои ҳукумати ислоҳоти иқтисодӣ сари вақт иҷро нагардиданд, ё умуман иҷро нашуданд.
Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ҳуқуқ ва ваколатҳои фароҳамовардаи қонунгузориро дар хаҷми пурра истифода намебаранд. Проблемаҳои зиёди хоҷагии манзилу коммуналӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва таълиму тарбия, ташкили фароғати мадании аҳолӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандон ҳал нагардидаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консернҳо, ширкатҳо, ассотсиатсияҳо. корхона ва ташкилотҳои давлатӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) баҳри беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозаргонии хоҷагидорӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, ҳамчун марказҳои асосӣ оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар бахшҳои дахлдори иқтисод, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) бояд ҳуқуқҳои ба онҳо додашударо барои ҳалли мустақилонаи вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда оид ба таъмини фаъолияти соҳаҳо ва минтақаҳо, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар ҳачми пурра истифода намоянд ва барои ин масъулияти пурра доранд. Таваҷҷӯҳи онҳо ба зарурати таъмини иҷрои бечунучарои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2002, сари вақт иҷро гардидани чорабиниҳои пешбининамудаи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, барномаҳои ҳукуматии дигаргунсозиҳои иқтисодӣ нигаронида шавад. Мониторинги мунтазами самарабахшии корҳои марказҳоро оид ба татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои дахлдор, ки аз ҳисоби кредитҳои ташкилотҳои хориҷӣ анҷом дода мешавад, таъмин намоянд.
...